Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони Душанбе ҷамъбаст гардид: дастаи ДТТ мақоми аввалро соҳиб шуд

Сентябрь 16, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар майдони варзишии «Душанбе–Арена» маросими ҷамъбастии мусобиқаи футболи хурд доир гардида, дастаи яккачини Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ғолиби ҷойи аввал дониста шуд. Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷойи дуюм, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Осим Муродзода иттилоъ дод.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқаи футболи хурд муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  Абдулло Маҳмадализода ва дигар масъулини соҳаи варзиши шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 13 cентябр бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт аз рӯи 4 намуди варзиш:  футболи хурд, волейбол миёни духтарон, шоҳмот ва гӯштини миллӣ доир шуд.

Мақсад аз аз баргузор намудани Фестивали мазкур, пеш аз ҳама, самаранок истифода намудани иншооти соҳаи варзиш, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва наврасону ҷавонони маҳал, хонандагону донишҷӯён ва афсарону сарбозон ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим мебошад.

Сентябрь 16, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид