«Гуфтугӯи ду насл». Таҳти ин унвон бахшида ба 90-солагии «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳамоиши ҷумҳуриявии рӯзноманигорон доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар «Шарқи озод» бахшида ба 90-солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» таҳти унвони «Гуфтугӯи ду насл» ҳамоиши ҷумҳуриявии рӯзноманигорони ҷавон ва собиқадор доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, собиқадорони соҳаи рӯзноманигорӣ, устодони факултаҳои журналистика ва ҷавонону навқаламон иштирок намуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар оғози ҳамоиш китоби тозанашре, ки аз ҷониби рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо номи «Пири дилҷавон» рӯи чоп омада буд, рӯнамоӣ шуд.
Абдулло Раҳмонзода кормандони рӯзномаи мазкурро бо ҷашни 90- солагӣ табрик намуда, зикр намуд, ки «Ҷавонони Тоҷикистон» аз зумраи рӯзномаҳое мебошад, ки бо сабку услуби хоси хеш дар таҳкими дӯстиву рафоқат, якдиливу созандагӣ ва ватандӯстиву худшиносии аҳли ҷомеа нақши бориз гузоштааст.
«Агар ба таърихи рӯзнома назар афканем, маълум мегардад, ки рӯзнома 90 соли бурду бохт ва дастовардҳои муҳими таърихии миллати тоҷикро дар худ таҷассум намудааст. Дарвоқеъ, рисолати ҳар рӯзнома аз он иборат аст, ки дар раванди фаъолияти худ, пеш аз ҳама, тарғибгару ташвиқкунандаи дастовардҳои миллӣ, муқаддасоти давлатӣ ва арзишҳои фарҳангию таърихии миллати хеш мебошад. Мояи хушнудист, ки ин рисолатро рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар фаъолияти худ сарбаландона иҷро намудаву имрӯз низ ба ҷо меорад»,- афзуд Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Ба андешаи сармуҳаррири рӯзнома, «Ҷавонони Тоҷикистон» мактаби эҷодкорони ҷавон мебошад, ки дирӯзро бо имрӯз ба ҳам пайваста, дар саҳифаҳои худ шодию ғам ва бурду бохти миллатро тӯли 90 сол инъикос намудааст. «Ҷавонони Тоҷикистон» аз шумули рӯзномаҳое мебошад, ки вазифаҳои худро софдилона иҷро менамояд ва мактаби бузург барои ҷавонони навқалам маҳсуб меёбад.
Дар анҷоми ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат ба кормандони кунунӣ ва собиқадорони рӯзнома сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аввалин маротиба бо номи «Комсомоли Тоҷикистон» 5 апрели соли 1930 бо теъдоди 500 дона ба нашр расидааст. Соли 1930 рӯзнома ҳамагӣ 57 шумора чоп шуда, дорои 8 ходими эҷодӣ буд. Рӯзнома тӯли фаъолияти худ 3 маротиба тағйири ном намуда, аз соли 1998 инҷониб бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» нашр ва дастраси хонандагон мегардад.








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад






