ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Сентябрь 14, 2020 17:35

ДУШАНБЕ, 14.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 14 сентябр 9088 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7853 (86,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 72 нафар фавтидаанд.

«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 112 нафар гумонбарон қарор дошта, 37 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

 

АКС аз манобеи боз

Сентябрь 14, 2020 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд
КМИР шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси рӯйхати пешниҳоднамудаи онҳо ба қайд гирифт
САҲМИ САРВАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДӮСТӢ, ҲАМСОЯГИИ НЕК, ЭЪТИМОД ВА ИФТИТОҲИ САҲИФАҲОИ НАВ ДАР МУНОСИБОТИ ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКОНУ ӮЗБЕКОН. Дар ин мавзӯъ имрӯз дар Душанбе Конференсияи илмию амалӣ ба кор оғоз намуд
Қарори Раиси КМИР дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9049 нафар расид
ИНТИХОБОТ-2020: Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 7782 нафар гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд
ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Бунёди «Мерё» ба Озмоишгоҳи миллии тандурустии Тоҷикистон кумак кард
COVID-19. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода ҷаласаи ситоди вилоятӣ доир шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8939 нафар расид
Ифтитоҳи намоишгоҳ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон