Истиқболи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдон ва ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ашт

Сентябрь 15, 2020 09:15

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 дар деҳоти Понғоз ба маркази ноҳияи Ашт — шаҳраки Шайдон ташриф оварданд.

Шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт давоми 29 соли Истиқлоли давлатӣ дар доираи вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ бо пуштибонии ҳамаҷонибаи сокинонаш аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум ба марҳилаи сифатан нав баромадааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ашт — шаҳраки Шайдон майдони Парчами давлатиро ба истифода дода, дар он ин рамзи муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалиро парафшон намуданд.

Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,93 гектар замин сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам гардидааст.

Корҳои сохтмониро дар ин иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди «Ашти калон» ба анҷом расондааст.

Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳраки Шайдон дар маҷмӯъ бо таҳкурсиаш 52 метрро дар бар мегирад.

Матои Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Атрофи иншоот гулкорӣ ва сабзазор карда шуда, зиёда аз 20 ҳазор гулҳои рангоранги мавсимӣ, қариб 90 адад ниҳоли арча майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро зиннат мебахшанд.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масоҳати зиёда аз 62 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, ду фаввораи зебо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон бунёд гардидааст.

Бо мақсади таъмини рӯшноӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 40 адад чароғак насб гардида, шабонгоҳ ба зебоии мавзеъ зиннат мебахшанд.

Давоми солҳои охир бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири сокинони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон дар марказ ва деҳоти як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон карда шудааст.

Раванди созандагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бомаром идома дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият барои сокинон тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Дар ноҳияи Ашт барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни бузурги миллӣ бунёд, таъмир ва навсозии зиёда аз 300 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 237 адади он бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ашт — шаҳраки Шайдонро барои сокинон, махсусан ҷавонону наврасони ноҳия туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод намуданд.

Истиқбол дар шаҳраки Шайдон ва ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ашт 15.09.2020

Сентябрь 15, 2020 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд