Канали калони Ҳисор- шабакаи бузурги обёрӣ дар шодобгардонии водии Ҳисор ва вилояти Сурхондарё

Сентябрь 12, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябри соли равон аз сохтмони яке аз иншооти бузург ва муҳими Тоҷикистон — Канали калони Ҳисор, ки таҳти роҳбарии сармуҳандиси ин иншооти муҳими обӣ Николай Давидович Свириденко (1902-1945) бунёд гардида буд, 78 сол сипарӣ мегардад.

Сохтмони чунин иншооти азим ва муҳим дар он шароити мудҳиш ва барои мардуми тоҷик ниҳоят мушкил осон набуд, зеро бунёди ин иншоот ба оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1940-1945) рост омада, меҳнаткашони тоҷик бо усули ҳашар ин иншооти муҳимро дар зарфи ду сол сохта, 12 сентябри соли 1942 дар маросими ботантана мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 Канали Ҳисор — калонтарин шабакаи обёрӣ

«Канали калони Ҳисор, ки дар баъзе мавридҳо онро ҳамчунин Ҷӯи калони Ҳисор ном мебаранд, дар водии Ҳисор калонтарин шабакаи обёрӣ буда, аз  дарёи Душанбе (Варзоб) об гирифта, то дарёи Қаратоғ ба масофаи 50 км тӯл кашидааст, мегӯяд сармуҳандис, муовини сардори Раёсати  беҳдошти замин ва объёрии Агентии беҳдошти замин ва объёрии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Ҳисор Абдухолиқ Саидалиев.

Паҳнои канал аз рӯи сатҳи об 32 метр, чуқурии канал ба ҳисоби миёна 2 метр аст. Канали калони Ҳисор  15 ҳазор гектар заминҳои шаҳру навоҳии Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва беш аз 10 ҳазор гектар замини ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо об таъмин менамояд. Як қисми оби канал (15—25 м3/сония) ба дарёи Қаратоғ ҳамроҳ шуда, обёрии замини ноҳияҳои Турсунзода ва ноҳияи Деҳнави Ӯзбекистонро  беҳтар мегардонад.

Дар сохтмони канал 100 ҳазор колхозчиёни  Ҳисор ва Сурхондарё иштирок намудаанд

Канали калони Ҳисор бевосита аз худи дарғот- шохаи Душанбе, ки тӯлаш 2,5 км, сарфи об 10 метри мукааб/сония аст, cap мешавад, ки  оби он дар миёнаҷо ба воситаи дюкер-нақби зеризаминӣ ба ҷӯи Алочабоф ҷудо шуда, барои эҳтиёҷоти Шабакаи гармидиҳии Душанбе сарф мегардад. Аз ҳама калонтарини онҳо дарғоти дарёи Варзоб (дарёи Душанбе) ва дюкери-нақби зеризаминии Хонақоҳ мебошад.

Канал ба шохаҳои Говкуш, Чоряккорон, Кампирқалъа, Ҳисор, Навобод тақсим мешавад, ки сарфи оби онҳо аз 2 то 6 м3/сония аст. Аз канал ду истгоҳи насосӣ- Чоряккорон ва Навобод барои обёрии 1,5 ҳазор гектар замин об мегиранд. Канали калони Ҳисор, ки 12 сентябри соли 1942 ба истифода дода шуд, дар таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун ҳашари машҳури халқии солҳои пеш аз ҷанг (1938—1942) ворид гардид. Дар сохтмони канал 100 ҳазор нафар колхозчиёни водиҳои Ҳисору Сурхондарё иштирок намудаанд.

Обёрӣ гардидани 25 ҳазор гектар аз оби Канали Ҳисор

Канали калони Ҳисор иншооти муҳим буда, дар рушди  иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, бахусус дар самти объёрии заминҳои кишт, рушди соҳаи кишоварзӣ, хусусан парвариши пахта, меваю сабзавот нақши калон дорад. Аз оби Канали калони Ҳисор 25 ҳазор гектар замин- 15 ҳазор гектар дар Тоҷикистон ва 10 ҳазор гектар ноҳияҳои Сариосиё ва Деҳнави Ӯзбекистон обёрӣ мегарданд.

Тавре Абдухолиқ Саидалиев зикр кард,  сохтмони Канали калони Ҳисор ба ду қисмат тақсим гардида буд. Корҳои сохтмониро аз сарбанди канал-  аз шаҳри Душанбе то дарёи Хонақоҳ меҳнаткашони тоҷик ва аз дарёи Хонақоҳ  то анҷоми канал- дарёи Қаратоғ сокинони вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон сохтаанд. Дар сохтмони ин иншооти муҳим аз вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон 25 ҳазор нафар коргарон  иштирок намуда буданд. Дар канал зиёда аз 39 иншооти гидротехникӣ мавҷуд аст.

Имсол аз канали Ҳисор ба Ӯзбекистон 109  миллион куб об дода шуд      

Оё дар мавсими тобистон ва тирамоҳ камобӣ дар Канали калони Ҳисор мушоҳида мегардад? Дар посух ба ин савол сармуҳандиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Саидалиев афзуд, ки  дар  се соли охир, бахусус  то 10 августи соли равон паст гардидани сатҳи об дар Канали калони Ҳисор мушоҳида нашудааст. Аз ин бармеояд, ки оби ҳавзаи дарёи Варзоб калон аст.

Оби дарёҳои дигари  водии Ҳисор, ба мисли Ширкент, Қаратоғ ва Хонақоҳ, ки ба дарёи Кофарниҳон мерезанд,  охири тобистон ва дар фасли тирамоҳ  кам мешавад. Ҳамзамон сармуҳандиси Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Ҳисор зикр кард, ки соли 2019 аз Канали калони Ҳисор ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 94 миллион куб  ва соли равон 109 миллион куб об дода шудааст.

Ӯзбекистон 36 км Канали калони Ҳисорро тоза кард

Дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории байниминтақавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018 тасдиқ шудааст, соли 2019 тозакунии Канали калони Ҳисор дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор шурӯъ гардида, аз Ӯзбекистон техника, аз ҷумла 11 экскаватор ва як булдозер оварда шуда, дохили канали Ҳисор то дарёи Хонақоҳ дар масофаи  23 км тоза гардид.

Аз моҳи марти соли 2020 то 19 апрел 9 адад экскаватор аз Ӯзбекистон дар тозакунии Канали калони Ҳисор иштирок намуданд, вале вобаста ба пандемияи бемории сироятии COVID-19 тозакунии канал ба таъхир гузошта шуд. Дар маҷмӯъ 36 км-и канал  тоза карда шудааст. 14 км қисми боқимондаи канал, ки тоза нагардидааст, ба ҳудуди байни ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рӯдакӣ ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд. Қаблан Канали калони Ҳисор қисман тоза карда мешуд.

Бунёди Канали калони Ҳисор- намунаи барҷастаи дӯстии ду ҳамсоядавлат

Канали калони Ҳисор иншооти бузурги обрасонӣ буда, дар сохтмони он тавассути ҳашар ба воситаи аспу ароба ва белу каланд меҳнаткашони тоҷику ӯзбек фаъолона иштирок намудаанд. Бунёди ин иншооти муҳими обрасонӣ дар Тоҷикистон солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи барҷастаи дӯстиву рафоқат, бародарӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони тоҷику ӯзбек ва дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Дарғоти канал, ки имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Сино дар дарёи Душанбе воқеъ аст,  соли 1940 дар зарфи 6 моҳ бунёд гардида, дар сохтмони он 1,5 ҳазор тонна семент истифода шудааст.

Бояд зикр кард, ки дар сохтмони иншооти азиму мураккаб —  нақби зеризаминӣ -дюкер, ки он бояд оби канали калони Ҳисорро аз болои дарёи Хонақоҳ мегузаронд, меҳнаткашони вилояти Сурхондарё саҳми муносиб гузоштаанд. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии коргарон буд, ки дар  назди дарёи Хонақоҳ бидуни халал ёфтани системаҳои обёришаванда нақби зеризаминӣ бунёд карда шуд ва тавассути ин нақб ба ҳудуди ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи  Ӯзбекистон об ҷорӣ гардид.

Инфрасохтори канал таҷдид хоҳад гардид

Канали калони Ҳисор баъди Канали калони Фарғона иншооти бузурги обӣ дар ҳудуди минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Алҳол дар Канали калони Ҳисор 66 нафар коргарону мутахассисон, миробҳо фаъолият доранд. Канали калони Ҳисор дорои 32 иншооти обченкунӣ буда, ба воситаи онҳо оби канал чен гардида, дар асоси дархост ба хоҷагиҳо об дода мешавад ва заминҳои кишоварзӣ обёрӣ мегарданд.

Назар ба иттилои сармуҳандиси Агентии беҳдошти  замин ва обёрии назди ҳукумати мамлакат, як қисмати канал бетонпӯш шуда,  мувофиқи ҳисобу китоб оби канал таҳшин ва бухор мешавад. Роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таҷдиди инфрасохтори ин иншооти ирригатсионӣ, хусусан харидории техникаи нав, автоматикунонии дарвозаҳои канал ва пойгоҳҳои обкашӣ корбарӣ намуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад. Интизор  меравад, ки то охири соли равон техникаҳои нав дастрас намоем,- меафзояд сармуҳандис.

Канали Ҳисор садҳо гектар заминҳои ташналабро шодоб намуд

Бо бунёди ин иншооти бузурги ирригатсионӣ, ки 12 сентябри соли равон аз он 78 сол сипарӣ мегардад, заминҳои водии  Ҳисор ва ноҳияҳои вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон обёрӣ гардиданд. Ҳамзамон ин шабакаи бузурги обёрӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити гидрологӣ, хок ва иқлими аграрӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обу замин барои ба даст овардани ҳосили баланд дар водии Ҳисор ва ноҳияҳои вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон бунёд гардидааст. Канали калони Ҳисор, ки бо заҳматҳои шабонарӯзаи меҳнаткашон дар айёми Ҷанги Бузурги  Ватанӣ ба истифода дода шуд, таҷассуми меҳнатдӯстӣ, диловарии халқҳои тоҷику ӯзбек ва василаи таҳкими  дӯстиву рафоқати онҳост.

Сохтмони Канали калони  Ҳисор дар солҳои барои мардуми тоҷик мушкил -1940-1942 пайке буд аз бунёдкорӣ, сарсабз ва шодоб гардонидани даҳҳо ҳазор заминҳои ташналаби водии Ҳисор  ва ноҳияҳои вилояти Сурхондарё.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Дар шаҳри Риёз масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд