Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш

Сентябрь 23, 2020 13:22

ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва оғоз бахшидан ба бунёди иншооти дигар бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш мулоқоти самимӣ доир карданд.

Ҳадафи сафари имрӯзаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷараёни иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ ва раванди корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Вахш маънидод карда, ба сокинон барои истиқболи самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Зимни таҳлилу баррасии натиҷаҳои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Вахш аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 708 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 183 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 338 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ҳоло амалисозии 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо сохтмону навсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳсозии инфрасохтори шабакаҳои барқии ноҳия ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол аз ин ҳисоб 18 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар ноҳияи Вахш барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиамон — сисолагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии 342 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 215 иншоот ба маблағи беш аз 45 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст.

Барои татбиқи нақшаҳои дар пешгузошта Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахшро вазифадор карданд, ки корҳои ободониву бунёдкориро вусъат бахшида, дар ин раванд ба сифати корҳои сохтмон ва риояи санъати меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда эътибори махсус зоҳир намоянд.

Таъкид гардид, ки Вахш ноҳияи аграриву саноатӣ буда, барои бунёди корхонаву коргоҳҳои коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имконоти зиёд дорад.

Ҳоло дар ноҳия 22 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо 75 миллион сомониро ташкил додааст, ки ба 101 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Вобаста ба рушди соҳаи саноат ва ҳадафҳои қабулшудаи Ҳукумати мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар асоси таҳлили иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ, бахусус дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чораҷӯӣ намуда, ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ба таври васеъ ба роҳ монанд.

Дар ҳафт моҳи соли 2020 кишоварзони ноҳия ба маблағи 495 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз зиёд мебошад.

Пахта яке аз зироати асосии соҳаи растанипарварии ноҳия ба ҳисоб рафта, кишти он соли ҷорӣ дар майдони 9600 гектар анҷом дода шудааст, ки ба 100 фоизи дурнамои кишт баробар мебошад.

Кишоварзони ноҳия дар ин давра дар 7500 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулонро вазифадор карданд, ки ба масъалаи истифодаи самараноки ҳамаи имконоту захираҳо, пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, истифодаи самараноки тухмиҳои хушсифат ва замин, зиёд намудани кишти картошка ва майдони боғҳо, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдории меваю сабзавот, бастубанд ва содироти он, инчунин тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи маориф ҳамчун бахши муҳими ҷомеа Ҳукумати мамлакат дар давраи солҳои 1991-2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳияи Вахш сохтмони 41 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагиро барои 8500 ҷойи нишаст ба истифода додааст.

Дар муассисаҳои тиббии ноҳия 105 табиб ва 774 корманди миёнаи тиб фаъолият дошта, барои тадриҷан бартараф намудани норасоии табибон ҳоло бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 146 нафар, аз ҷумла 37 нафар духтарон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил карда истодаанд, ки 18 нафари онҳо бо квотаи президентӣ донишҷӯ шудаанд.

Дар охири суханронӣ баъди таҳлили вазъи воқеии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки роҳбарони ноҳияи Вахш, соҳибкорони бонангу номус, шахсони саховатпеша ва сокинони заҳматпешаи он чун ҳарвақта сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни сисолагии истиқлол корҳои созандагиро вусъати тоза мебахшанд ва барои боз ҳам зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани азизамон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун Марҳабо Ҷумъаева — донишҷӯ, Худойдод Зарифов — донишҷӯ, собиқадорон Абдуқаюм Муминов ва Абдуҷалол Салимов   сухан гуфта, ба роҳбарони давлату Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити созгори кору зиндагӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш 23.09.2020

Сентябрь 23, 2020 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024