Нашриёти «Адиб» «Гулбонги бӯи ҷӯи Мӯлиён»-ро ба чоп расонд
ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Адиб» ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби Раҷабалӣ Қудратзодаро таҳти унвони «Гулбонги бӯи ҷӯи Мӯлиён» бо теъдоди 1000 нусха аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расонд. Дар ин бора директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Китоб зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода ва бо таҳрири Шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб таълиф шуда, аз рӯзгор ва осори Одамушшуаро, устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ҳикоят мекунад.
Муқаддимаи китобро, ки «Ҷӯе, ки оғози дарёҳои мост» номгузорӣ шудааст, Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Гулназар Келдӣ навиштааст. Дар тавсифи китоб устод Гулназар гуфтааст: «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» нишонаи навоварӣ, тозагӯӣ, эъҷозу қудрати қалами Одамушшуарост. «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» тимсоли бегазанди фарҳанги оламгири мо, муҷассамаи фанонопазири давлати бузурги Сомониён ва ҳамаи фарзандони фарзонаи миллати мост»
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ба ифтихори ҷашни миллӣ китоби дигари Раҷабалӣ Қудратзода таҳти унвони «Бар фазои қуллаҳо» ба табъ расида буд.
К
итоби мазкур маҷмӯи мақолаҳои адабӣ-публитсистиро дар бораи Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, шукӯҳу азамати Неругоҳи барқи обии «Роғун», Наврӯзи Аҷам, инчунин қаҳрамониҳои ниёгони мо, аз ҷумла давлати Сомониёнро дар роҳи озодиву соҳибдавлатӣ фаро гирифтааст.
Инчунин дар китоб як силсила мақолаҳо зери унвони «Ёдҳо ва хотираҳо» чоп шудаанд, ки хонандагон бо рӯзгори ибратомӯз ва осори безаволи Қаҳрамонони Тоҷикистон Устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода шинос мегарданд. Лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёт ва эҷодиёти адибону донишмандон, мисли устод Лоҳутӣ, Саид Нафисӣ, Саҳбо, Туғрал, Ҳайрат, Академик Зариф Раҷабов, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Раҳимӣ, Зеҳнӣ, Ҳабибулло Назаров мавриди тасвир қарор гирифтаанд.
Академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллозода ва Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Ӯрун Кӯҳзод дар сарсухани асар нигоштаанд, ки ин китоб армуғони сазовор ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Номбурдагон дар бораи китоб ҳамчунин гуфтаанд: «Китоби Раҷабалӣ Қудратзода «Бар фазои қуллаҳо» асари таърихӣ, фарҳангию адабӣ, илмию оммавӣ буда, аҳамияти муҳими тарбиявӣ дорад. Он ба торҳои нозуки эҳсос нохун зада, хотираи таърихиро меафзояд, дар қалбҳо ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ваҳдату ифтихори миллиро бедор менамояд».








«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд






