Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба камонварӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба камонварӣ доир гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Дар мусобиқаи мазкур 42 варзишгар дар ҳайати дудастаӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ширкат карданд ва беҳтаринҳо аз рӯи 10 қувваозмоӣ миёни мардону бонувон муайян шуданд. Варзишгарони дастаи Душанбе-1 бештари медалҳо-6 тилло, 1 нуқра, 6 биринҷӣ, Суғд-2 ду медали тилло, 5 нуқра, Суғд-1 ду тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ ва Душанбе-2 се медали нуқраро сазовор шуданд.
Натиҷаи Чемпионати Тоҷикистон оид ба камонварӣ дар соли 2020
Масофаи 50+30 метр
Мардҳо
1. Ёров Касриддин, Суғд-1
2. Додоҷонов Абдуғанӣ, Суғд-2
3. Холиқов Ҷаъфар, Суғд-1
Бонувон
1. Кантаева Азиза, Душанбе-1
2. Розиқова Мадина, Душанбе-2
3. Ҷӯраева Мадина, Суғд-1
Масофаи 60+60 метр
Мардҳо
1. Бобоев Исо, Суғд-2
2. Раҳимов Муҳаммадазим, Суғд-2
3. Раҳимзода Некрӯз, Душанбе-1
Бонувон
1. Абдуллоева Муслима, Суғд-1
2. Заринаи Фирӯз, Душанбе-1
3. Олейникова Карина, Душанбе-1
Масофаи 70+70 метр
Мардҳо
1. Азимов Кабир, Душанбе-1
2. Шерғозиев Манучеҳр, Суғд-2
3. Раҳимӣ Анушервон, Душанбе-1
Бонувон
1. Зубайдова Фирӯза, Душанбе-1
2. Азимова Мавзуна, Суғд-2
3. Давлатова Фирӯза, Душанбе-1
60 метр давраи олимпӣ
Духтарон
1. Заринаи Фирӯз, Душанбе-1
2. Аҳмадова Дилноза, Душанбе-2
3. Абдуллоева Муслима, Суғд-1
Писарон
1. Рауфов Муҳаммадазим, Суғд-2
2. Ёқубов Абдусаттор, Суғд-1
3. Саидов Данил, Суғд-1
70 метр давраи олимпӣ
Бонувон
1. Зубайдова Фирӯза, Душанбе-1
2. Азимова Мавзуна, Суғд-2
3. Давлатова Фирӯза, Душанбе-1
Мардон
1. Раҳимӣ Анушервон, Душанбе-1
2. Саидов Тилло, Душанбе-2
3. Азимов Кабир, Душанбе-1








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






