Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзи шиноварии Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои обӣ Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа 60 тан шиноварони беҳтарини ҷумҳурӣ иштирок карданд. Рақобатҳо миёни калонсолон ва ҷавонон роҳандозӣ карда шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Имсол Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ дар Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои обӣ се рӯз идома кард. Дар мусобиқа духтарон фаъол буда, барои ишғоли мақомҳои ифтихорӣ мубориза бурданд. Дар рӯзи сеюми баргузории мусобиқа қувваозмоиҳо бештар миёни калонсолон, ҷавонон ва духтарон баргузор гардиданд, ки ин навъи шиноварӣ ҷолибу диданӣ аст.
Давоми се рӯз рақобатҳо миёни дастпаварони се мактаб — Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудхои обӣ, Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба оби пойтахт ва ҳавзи шиноварии шаҳри Хуҷанд шадид ҷараён гирифтанд, ки дар ниҳоят аксар мақомҳои ифтихориро низ маҳз шиноварони ин муассисаҳо ба даст оварданд.
Ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.








Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд






