Пагоҳ бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мегарданд

Сентябрь 25, 2020 09:27

ДУШАНБЕ, 25.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ  бозиҳои даври 17-уми   Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат   баргузор мегарданд. Дар ин давр 26 сентябр  дастаҳои  футболи    «Регар-ТадАЗ»-и   шаҳри  Турсунзода  бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Кӯктош» -и ноҳияи  Рӯдакӣ  бо   «Истаравшан» -и шаҳри  Истаравшан ва  27 сентябр  «Хатлон»-и  шаҳри Бохтар бо  «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд, КМВА бо   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  байни ҳам рақобат мекунанд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат   дар сатҳи баланд доир гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Душанбе-83»-и шаҳри  Душанбе, «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  бо КМВА, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода,   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Кӯктош»-и  ноҳияи Рӯдакӣ  байни ҳам рақобат  рақобат карданд. 

Дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе се давр пеш то хотимаи Чемпионати Тоҷикистон ба таври расмӣ унвони чемпионӣ  ба даст овард. Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври 16-уми Лигаи олӣ дар сафар бо дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бозӣ кард ва вохӯрии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Дастаи футболи «Истиқлол» бо шарофати ин мусовӣ маротибаи 9-ум дар тӯли таърихи хеш барандаи медали тиллои Чемпионати Тоҷикистон гардид.

Ёдовар мешавем, ки даста қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 медали тиллои Лигаи олиро ба хазинаи дастовардҳояш шомил намуда буд.

Дар доираи даври 16-уми Лигаи олӣ дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо дастаи  «Регар ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода вориди майдони рақобат шуданд. Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир гардида, бо ҳисоби калони  4:0 ба фоидаи дастаи «Истаравшан» ба охир расид. Дар ин бозӣ ҳамлавари дастаи мизбон Илҳом Баротов дар дақиқаҳои 22, 65 ва 71 ба дарвозаи   дастаи  «Регар ТадАЗ» гол зад, голи 4-умро футболбози дигари дастаи «Истаравшан» – Абдураҳмон Қурбонов вориди тӯри дарвозаи рақибон намуда, ҳисобро 4:0 сохт ва бо ҳамин натиҷа дастаи футболи  «Истаравшан»- и шаҳри Истаравшан ғолиб гардид. Дар идомаи бозиҳои  даври 16-уми Лигаи олии футболи мамлакат дастаи футболи  «Локомотив-Помир» бо дастаи КМВА дар Варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозии худро баргузор намуданд. Рақобати дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 3:2 ба нафъи дастаи футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе анҷом пазируфт.  Дар бози дигари ин давр  дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд аз дастаи  «Кӯктош» -и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳисоби  1:2 мағлуб шуд. Дастаҳои футболи  «Файзканд»-и ноҳия Восеъ ва «Душанбе 83»-и шаҳри Душанбе  байни ҳам рақобат намуданд. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир шуда, бо ҳисоби  мусовӣ 1:1 хотима ёфт.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 4:0

Голҳо: Илҳом Баротов, 22 (1:0). Илҳом Баротов, 65 (2:0). Илҳом Баротов, 71 (3:0). Абдураҳмон Қурбонов, 87 (4:0).

«Файзканд» – «Душанбе-83» – 1:1

Голҳо: Люк Менҷана Леонел, 16 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 72 – пеналти (1:1).

 «Локомотив-Помир» – КМВА – 3:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 31 –пеналти (0:1). Азизбек Ҳасанов, 56 (1:1). Озодбек Панҷиев, 60 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 69 (2:2). Манучеҳр Сафаров, 87 (3:2).

 «Хатлон» — «Истиқлол» — 1:1

Голҳо: Рустам Соиров, 45+2 (0:1). Кароматулло Саидов 47 пеналти (1:1).

«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 1:2

Голҳо: Тоҳир Малодустов, 37 (1:0). Мбеке Сиебатчеу Диеудони, 49 (1:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 56 – аз пеналти (1:2).

Ёдовар  мешавем, ки  бозиҳои даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон 26-27 сентябр баргузор мешаванд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 15 13 2 0 58-8 41
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 15 9 2 4 24-18 29
3 «Хатлон» (Бохтар) 15 6 6 3 24-20 24
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 15 6 5 4 23-19 23
5 КМВА (Душанбе) 15 5 5 5 23-23 20
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 15 4 5 6 17-24 17
7 «Файзканд» (Восеъ) 15 3 7 5 14-25 16
8 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 15 3 4 8 14-24 13
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 15 3 3 9 21-33 12
10 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 15 2 3 10 17-41 9

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан») – 12-тӯбӣ, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб, Рустам Соиров («Истиқлол») – 8 тӯб.

Даври 17-ум

26 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Файзканд»

«Кӯктош» – «Истаравшан»

27 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Хатлон» – «Хуҷанд»

КМВА – «Истиқлол»

Сентябрь 25, 2020 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад