Панду андарзҳои безаволи устод Рӯдакӣ ба хонанда «бо чашми дил дидани олам» меомӯзонанд-бардошт аз ҳамоиши илмӣ дар Рӯзи Рӯдакӣ

Сентябрь 22, 2020 13:33

ДУШАНБЕ, 22.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шеъри Рӯдакӣ зиёда аз ҳазор сол аст, ки паёми озодиву истиқлол, сулҳу дӯстӣ, донишу хирад, накӯкориву ҷавонмардӣ ва зебоиву нафосат мерасонад ва барои наслҳои имрӯза ва оянда низ ҳамчун намунаи олии башардӯстӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ, зебоипарастӣ ва ишқи поку беолоиш хизмат мекунад. Ин матлаб зимни ҳамоиши илмие, ки ба хотири бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бо ширкати олимони рӯдакишинос доир гардид, зикр карда шуд.

Дар ҳамоиши илмӣ номзади илмҳои филологӣ Шамсиддин Муҳаммадиев, ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи адабиёт, н.и.ф., Анзурати Маликзод ва ходими илмии шуъбаи таърихи адабиёт Мубашшири Акбарзод  доир ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ ва осори соҳибқирони назми ҷаҳон устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки мероси адабии поягузори адабиёти классикии тоҷик баъди беш аз ҳазор сол шӯҳрати ҷаҳониашро афзун мекунад. Панду андарзҳои безаволи Рӯдакӣ аҳамияти бузурги тарбиявӣ дошта, ба қавли худи устод, ба хонанда «бо чашми дил дидани олам»-ро меомӯзонанд.

Таъкид шуд, ки панду андарзҳои шоир хеле дилкашу гуворо буда, аз мутолиаи он наметавон дил канд. Абёти панду ахлоқии устод моро ба ҷавонмардиву ростқавлӣ, илмандӯзиву фарҳангдӯстӣ даъват менамояд ва дар замирамон  некиву накукорӣ ва муҳаббату садоқат мепарварад. Устод Рӯдакӣ бо осори саршор аз панду насиҳат, бузургдошти илму дониш, накукорӣ ва инсондӯстӣ ҳамчун пири шоирони форсигӯи тамоми дунё пазируфта шудааст.

Иштирокдорон ба хулоса омаданд, ки ба наслҳои имрӯзу ояндаи  миллатамон зарур аст ҳамчун ворисони бевоситаи фарҳанги куҳанбунёди хеш фармудаҳои бузургони илму адаб, аз ҷумла устод Рӯдакиро дастури зиндагии ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд. Зеро ашъори ӯ дарси тақвияти худшиносии миллӣ, сидқан дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ ва риояи одоби ҳамидаи инсонӣ мебошад.

Ҳамасола 22 сентябр дар саросари мамлакат Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Рӯзи Иқбол дар Покистон, рӯзи Навоӣ дар Ӯзбекистон, рӯзҳои Саъдиву Ҳофиз дар Эрон ва рӯзи Такур дар Ҳиндустон гувоҳи онанд, ки ин халқҳову кишварҳо ба гузаштаи худ эҳтиром гузошта, пос доштани номи адибону олимони шинохтаи хешро вазифаи муқаддас ҳисобидаанд. Рӯзи Рӯдакӣ ҳам бозгӯи он аст, ки мардуми тоҷик ба Одамушшуаро эҳтироми хосса дошта, панду андарзҳои ӯро дастурамали зиндагии худ қарор додааст.

Сентябрь 22, 2020 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад