Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Борбад ҷойгир буда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он 47 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои фаннии химия, анатомия, биология, озмоишгоҳҳо, китобхона, толори маҷлисгоҳ, хонаи омӯзгорон, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.
Ҳамчунин дар шафати бинои нави таълимӣ ошхона бо 50 ҷойи нишаст ҷойгир аст, ки дар он ғизоҳои гарму болаззат омода ва пешниҳод мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам шудани имконияти мусоиди илмомӯзӣ масъулонро ҷиҳати тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббию фарматсевтӣ вазифадор намуданд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус равона намуда, бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда босамар истифода менамояд. Ҳамзамон тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Фармоишгари бинои нави таълимӣ Муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” буда, бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба анҷом расидааст.
Дар ин муассисаи таълимӣ 80 нафар фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо омӯзгорони ботаҷриба мебошанд. Бо бунёд шудани бинои хуштарҳу замонавӣ барои донишҷӯён бо истифода аз тахтаҳои электронӣ, синфхонаи барҳавои компютерӣ ва дигар айёнияти зарурии таълимӣ шароити арзандаи илмомӯзӣ фароҳам гардид.
Таълим дар муассиса бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари омӯзиши фанҳои тахассусӣ ба аз худ кардани забонҳои хориҷӣ низ диққати махсус равона гардидааст.
Дар коллеҷ аз рӯйи 5 ихтисос, аз ҷумла кори момодоягӣ, кори фарматсевтӣ, табобатӣ, ҳамширагӣ ва табобати дандон баъд аз хатми синфи 11 мутахассис омода карда мешавад. Ҳамзамон аз рӯйи ихтисоси кори ҳамшигарӣ баъд аз хатми синфи 9 низ тайёр намудани мутахассисон ба роҳ монда шудааст.
Дар бинои навсохти таълимӣ 565 донишҷӯ дар ду баст таҳсил намуда, муҳлати омӯзиш аз 3 то 4 солро дар бар мегирад. Бо дарназардошти фаровонии растаниҳои шифобахш дар ин муассисаи таълимӣ ҳуҷраи гиёҳҳои шифобахш амал мекунад, ки дар он барои донишҷӯён оид ба таркиб ва хусусиятҳои фоидабахшии гиёҳҳо машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида мешавад.
Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” соли 2015 таъсис ёфта, дар ин давра дар биноҳои гуногун фаъолият кардааст.
Мавриди зикр аст, ки бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” дар шафати бинои қаблӣ, ки аз 3 ошёна иборат аст ва дар он шароити зарурии таълимӣ фароҳам набуд, сохта шудааст. Дар бинои пешинаи коллеҷ донишҷӯён аз норасоии ҷойи нишаст ва аёниятҳои таълимӣ танқисӣ мекашиданд.
Акнун, донишҷӯён дар бинои навбунёди таълимӣ бо истифода аз шароити арзандаи касбу ҳунаромӯзӣ таҳсил мекунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 2019-2020 коллеҷи мазкурро 203 нафар хатм намуда, аксари онҳо ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба кор ҷалб гардиданд.
Зимни суҳбат бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисосро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорон арзёбӣ карданд.
Масъулон нақша доранд, ки солҳои наздик дар шафати бинои нави таълимии коллеҷ хобгоҳи зебою замонавӣ бунёд намуда, донишҷӯёни дурдасти мамлакатро бо ҷойи зист ва шароити хуб таъмин кунанд.
Саҳн ва атрофи бинои муосири навбунёд сабзкорӣ шуда, иншоот ба симои шаҳри Кӯлоб ҳусни тоза зам кардааст.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад






