Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатии шоҳ Исмоили Сомониро дар ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 30, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шаҳринав ҳамчунин боғи фарҳангӣ-фароғатии Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар якҷоягӣ бо соҳибкорону шахсони саховатпеша дар масоҳати умумии 1,98 гектар бунёд шудааст. Тадбири мазкур яке аз бандҳои нақшаи корӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Корҳои сохтмонӣ ҳанӯз аввали соли равон оғоз гардида, иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуд.

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ тамоми маҳсулоти сохтмонӣ сирф ватанӣ буда, корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ иҷро гардидаанд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ҳамчунин аз пайкараи тозабунёди Асосгузори аввалин давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо дарназардошти зерибиноаш 5 метрро ташкил дода, он аз ҷониби рассом, ҳайкалтарош Сафарбек Қосимов таҳия шудааст.

Қомат афрохтани муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази боғ ба ҳусни ин макони фарҳангӣ зебоии дигар зам намуда, шаҳодати ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба гузаштагон аст.

Зимни шиносоӣ Пешвои муаззами миллат ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи боғи мазкурро дар маркази ноҳия ҷиҳати рушд ва густариши соҳаи фарҳанг неку назаррас маънидод намуданд. Таъкид карда шуд, ки боғи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Шаҳринав яке аз маконҳои асосии баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчунин барои истироҳату фароғати сокинон имконоти мусоид фароҳам гардидааст.

7 адад аттраксион барои бозии кӯдакон, беш аз 40 нишастгоҳ, ҳайкали 10 ҳайвончаи афсонавӣ ва амсоли инҳо дар дохили боғ барои истироҳату фароғати бошандагони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Ба масъалаи сабзазор кардани иншооти тозабунёд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, зиёда аз 10 ҳазор метри мураббаъ бо гулу дарахтони ороишию сояафкан оро дода шудааст, ки ба ҳусни гулгашти мазкур таровати тоза зам менамояд. Бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозӣ тамоми роҳраву гузаргоҳҳои дохилу атрофи боғи Исмоили Сомонӣ сафолакпӯш гардида, ҳамзамон чароғон карда шудааст, ки ҳангоми сайругашти шабона мусоид мебошад.

Дар ҳамин росто Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва натиҷаи заҳмати чирадастони ноҳия дидан карда, ба маҳорати волои бонувони ноҳия баҳои баланд доданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар доираи эълони сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандони мардумӣ бояд пурмасъулият бошанд ва дар ҳифзу эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ саҳми назаррас гузоранд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар ноҳияи Шаҳринав то истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди беш аз 434 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То ба имрӯз аллакай 285-тои он мавриди истифода қарор дода шуда, дар боқимонда иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020

Сентябрь 30, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» шинос шуданд
Дар шаҳри Истаравшан 4 муассисаи таълимӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ «Акиа Авесто автоматив индастри» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд