Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маркази ташхисӣ-табобатии «Муҳаммадҷон»-ро дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нав маркази ташхисӣ — табобатии “Муҳаммадҷон” — ро ифтитоҳ карданд.
Маркази ташхисӣ — табобатии 2-ошёна бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Аҳмадзода Ҷамолиддин дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар масоҳати 15 садяк замин бунёд гардидааст.
Дар ин ҷо шароити ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам мебошад. Дар Маркази ташхисӣ — табобатии “Муҳаммадҷон” намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ — санитарӣ, аз қабили табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси марказ ва табибону кормандон дастур доданд, ки ба сифати хизматрасонии тиббӣ, муошират бо беморон диққати ҷиддӣ диҳанд ва ҳамзамон ҳамаи қоидаю талаботи санитарию гигиениро риоя намоянд.
Дар муассиса ҳамаи шароити меъёрии талаботи тиббӣ-санитарии безараргардонӣ, таъмизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ фароҳам аст.
Ҳуҷраҳои дандондармонӣ барои калонсолон ва кӯдакон аз хизматрасониҳои дигари ин иншооти соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.
Дар муассиса барои табобати офиятбахшӣ баробари ҳуҷраҳои алоҳида гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис дода шудааст, ки дар он бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тоза ба дарди беморон дармон мебахшанд.
Баъди бунёди Маркази тиббии хусусӣ 20 нафар табиб, мутахассисони дорои донишу таҷриба ва кормандони миёнаи тиб ба кор ҷалб шудаанд.
Мутобиқи маълумот корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, барои бунёди он 20 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб шуданд.
Саҳни Беморхона сафолакпӯш карда шуда, даромадгоҳ ва ҳавлии он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат дода шудааст, ки ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад.
Пешвои муаззами миллат аснои шиносоӣ бо шарту шароити маркази тозатаъсис ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ба табибону дигар кормандони соҳаи тандурустӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки табибон бо истифода аз шароиту имконияти барояшон фароҳамгардида ба халқу миллат содиқона хизмат намоянд.









Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд
Балаҷон Ёқубов бо 15 ҳазор сомонӣ мушкилии даҳсолаи чорводорону сокинони минтақаи кӯҳиро дар ноҳияи Лахш бартараф намуд
Кӯлоб «Шаҳри беҳтарин» ва Данғара «Ноҳияи беҳтарин»-и соли 2025 дар вилояти Хатлон муайян гардиданд
Ёвон дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм гардид
Соли 2025 дар шаҳри Ҳисор қариб 70 км роҳ мумфарш карда шуд






