Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизатро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 25, 2020 18:03

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти  давлатии оташнишонӣ оид  ба  муҳофизати ноҳияи Ховалингро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз  ду  ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Бинои нав аз 12 утоқи корӣ, синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи  нишаст, ошхона барои кормандон ва хобгоҳ иборат мебошад.

Барои  фаъолияти мунтазам ва фаврии кормандон Хадамоти  давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Ховалинг се адад воситаи нақлиёти муосир ва  махсусгардонидашуда, ки ҳар яки он имкони ғунҷоиши то 6 тонна обро доранд, дастрас карда шудааст.

100 бех ниҳоли  сояафкан  ва 4000 гулҳои рангоранг  ҳудуди  иншоотро зиннат мебахшад.

Дар доираи созандагиҳо ҳамчунин атрофи бино сафолакпӯш карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии ниҳоди мазкурро  барои  истифодаи  пурсамар  аз  шароити  фароҳамгардида ҷиҳати хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз  шиносоии пурра бо шароити  кору  фаъолият дар Хадамоти  давлатии оташнишонӣ дар ҳамин ҷо аз намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ боздид  намуданд.

Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, овезаҳо, нақшу  нигор, зарфҳои  аз  чӯбу  кулол, мису оҳан ва аз  дигар металҳо сохташуда  ба таври  васеъ  муаррифӣ карда  шуд.

Тавре мушоҳида гардид, занону  бонувони  дар  ин сохтори  Вазорати  корҳои  дохилӣ  фаъолияткунанда  низ ба  рушди ҳунарҳои миллӣ ва  дар самти эҳёи он таваҷҷуҳи хоса доранд.

Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо иштирокчиёни намоиши ҳунарҳои мардумӣ сокинонро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди анъанаҳои миллӣ ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ховалинг 25.09.2020

Сентябрь 25, 2020 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд