Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 24, 2020 16:09

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи истиқлолу пойдории давлат ба симои ноҳия зебоии тоза зам намуда, атрофи он ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайру гашти сокинон мубаддал гардид.

Майдони умумии замини иншоот 1,5 гектарро ташкил дода, пояи Парчами давлатӣ 40 метр, дарозӣ ва пахноии матоаш 14 бар 7 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли 2020 оғоз ёфта, коргарону мутахассисони маҳаллӣ тавонистанд онро дар муҳлати кӯтоҳ бо риояи талаботи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ ва сифати баланд ба анҷом расонанд.

Бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то имрӯз дар аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сурат гирифт, иқдоми муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гиромӣ доштани муқаддасоти Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон мебошад.

Майдони парчам бо сангҳои ороишӣ, гулҳои рангоранг ва ниҳоли дарахтони сояафкан  зебу зиннат ёфтааст.

Дар доираи корҳои ободонӣ барои сайругашти сокинон 10 нишастгоҳи замонавӣ ва 33 чароғпояи хурду бузург насб гардидааст, ки макони беҳамтои истироҳат ва фароғат ба ҳисоб меравад.

Сокинон аз он ифтихор доранд, ки дар доираи иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, махсусан таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои наву замонавӣ ва мавзеъҳои фароғатӣ бунёд мешаванд.

Изҳори эътимоду боварӣ карда шуд, ки аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешаванд, ки ин воситаи муҳими баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ дар замири насли ояндасози давлат мегардад.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 24.09.2020Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 24.09.2020

Сентябрь 24, 2020 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд