САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН ВА МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН! Чунин аст шиори Гвардияи миллӣ, ки ба таъсиси он 25 сол пур мешавад

Сентябрь 3, 2020 08:12

ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябри соли 2020 аз таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ  мешавад. Ин сохтори низомӣ  зодаи даврони Истиқлол буда, ташкил ва такмили он бевосита бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба марҳилаҳои мустаҳкамшавии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ  дорад.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон низоми лашкардорӣ, аз ҷумла «Гурдони ҷовидон» аз замони империяи бузурги Куруши Кабир, Ҳахоманишиҳо ва Сомониён сарчашма мегирад, вале шакли муосири он замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ  таъсис дода шудааст. Дар раванди ислоҳот ва тағйироти сохторӣ  моҳи январи соли 2004 Гвардияи Президент ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Айни ҳол Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои амалӣ  намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, фаврӣ -ҷустуҷўӣ  ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлат қарордошта, ҳифз ва мудофиаи объектҳои ҳимояшаванда вазифадор гардидааст. Ҳамчунин Гвардияи миллӣ  дар якҷоягӣ  ва ҳамоҳангӣ  бо дигар сохторҳои қудратии кишвар барои ҳифзу мудофиаи дастовардҳои Истиқолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва дифои марзу буми мамлакат вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.

Хизматчиёни ҳарбии Гвардия дар баробари дигар сохторҳои низомии мамлакат барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ  ва таъмини сулҳ, ҳаёти осоиштаи мардум саҳми арзанда доранд. Хизматҳои шоистаи 283 нафар афсарону сарбозони гвардия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои олии давлатӣ  қадрдонӣ  шудаанд.

Моҳи январи соли 2004 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори гвардия тағйирот ворид карда шуд. Дар ин асос Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи Гвардияи миллӣ  ба тасвиб расид, ки статуси мақомоти давлатии гвардияро ҳамчун сохтори мустақил ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кард. Марҳилаи нави гузариш ба фаъолияти касбии хизматчиёни ҳарбӣ  мусоидат намуд.

Ҳамчунин принсипи асосии фаъолият, нишон ва рамзҳои фарқкунанда, вазифаву ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ, таъминоти техникӣ, молиявӣ, моддӣ  ва маънавии Гвардияи миллӣ  муайян гардид. Сохтори нави ташкилию штатӣ  ва номгузории қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ  тасдиқ карда шуд. Хизмати ҳарбӣ  дар Гвардияи миллӣ   хизмати ифтихорӣ  буда, қабули шаҳрвандон ба он интихобан ба роҳ монда мешавад.

Сафҳои Гвардияи миллӣ  аз ҳисоби сарбозон, прапоршикон ва афсарони ҷавон, ки дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ  барномаҳои таълимиро дар муҳлати муайян аз худ мекунанд, ҳамчунин, аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои олии ҳарбии хориҷи кишвар, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ҳамкорӣ  доранд, пур карда мешаванд.

То имрўз 403 хизматчии ҳарбии гвардия ба донишкадаҳои ҳарбии дохили ҷумҳурӣ  ва 219 нафар дар донишкадаву академияҳои ҳарбии хориҷи мамлакат барои сайқал додани донишу малакаашон ҷалб шуда, 90 нафар тавассути квотаҳои президентӣ  дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳсил мекунанд.

Маълум аст, ки мавқеи ҳар як сохтори низомиро дараҷаи омодабошӣ  ва тайёрии ҷангӣ, таъминот бо аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, интизом ва маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсӣ  муайян мекунад. Аз ин рў, вобаста ба вазъи печидаи ҷаҳони муосир роҳбарияти Гвардияи миллӣ  диққати асосиро ба сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо равона карда, барномаҳои таълимиро мутобиқи талаботи замон ба роҳ мондааст. Машғулиятҳои таълимӣ  дар Маркази миллии таълимӣ  оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир гузаронида мешаванд, ки он аз биноҳои таълимии муҷаҳҳаз барои гузаронидани амалиёти низомӣ, майдонҳои таълимии махсус барои тирпаронӣ  аз силоҳи гуногун, рондани техникаҳои ҳарбӣ  ва дигар иншооти хизматрасон, аз ҷумла хобгоҳ барои 254 нафар, ошхона ва ҳаммом бо тамоми шароити муосир иборат мебошанд. Хизматчиёни ҳарбӣ  аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, маҳорату малакаи касбии хешро сайқал медиҳанд. Аз ҷумла, дар машқҳои муштарак, машғулияти таълимӣ  ва мусобиқаҳои варзишӣ  бо сохторҳои низомии мамлакат ва хориҷи он фаъолона иштирок карда, маҳорату малакаи касбии хешро сайқал медиҳанд.

Ҳайати шахсӣ  ба ғайр аз машқҳои саҳроӣ, чорабинӣ  ва машғулиятҳои гуногуни ҳарбие, ки дар гвардия доир мегарданд, ҳар сол дар асоси ҳамкорӣ  бо дигар сохторҳои низомии дохиливу хориҷи кишвар дар машқҳои тактикӣ, ҳамкорӣ  ва ҳамоҳангсозии амалҳои сохторҳои қудратӣ, тамринҳои муштараки таълимӣ, мубориза бар зидди терорризм ва экстремизми байналмилалӣ  фаъолона ширкат варзида, қобилияту дониши ҳарбии хешро такмил медиҳанд. Аз ҷумла, дар машқҳои муштарак, машғулиятҳои таълимӣ  аз ҷумла, дар машқҳоии тактикии ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси мақомоти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, машқҳои муштарак бо Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  дар урдугоҳи «Ҳарбмайдон», ва дигар машқу таълимоти ҳарбӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд, фаъолона иштирок карда, маҳорату малакаи касбии хешро сайқал медиҳанд.

Ҳайати шахсии гвардия дар баробари фаъолияти хизматӣ  дар якҷоягӣ  бо дигар сохторҳои низомии мамлакат дар доираи амалиёти ҷумҳуриявӣ  бо ашхоси ифротгарову гурўҳҳои ҷиноятпеша бо далериву ҷасорат муборизаи беамон мебарад.

Барои дар сатҳи зарурӣ  ба роҳ мондани хизмати қўшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ  бо дастури Пешвои миллат дар ҳама қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ  таҷҳизоти техникии назоратӣ  (камераҳои мушоҳидавӣ ) насб карда шуда, технологияи муосир дар соҳаи компютерӣ, техникӣ  дар ҳама самтҳои фаъолияти хизмати ҳарбӣ  пурсамар истифода бурда мешавад.

Яке аз вазифаҳои асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи намунаҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар маросими тантанавии кушодани майдони Нишони давлатӣ  ва афрохтани Парчами давлатӣ, ки бевосита бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон баргузор мешаванд, шарафи ба минбар баровардани Парчами давлатиро сарбозони Гвардияи миллӣ  ба уҳда доранд. Ин вазифа ҳарчанд масъулияти бузург талаб мекунад, вале барои ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ мояи ифтихору сарбаландӣ  мебошад.

Дар сатҳи зарурӣ  нигоҳ доштани омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ  аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон дар рўҳияи садоқат ба Ватан, ба Президент, эҳсоси баланди худшиносӣ  ва сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ  вобаста мебошад. Аз ин рў, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони илму фарҳанг, муассисаҳои таълимӣ  ва аҳли ҷомеа ҷиҳати пурзўр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳисси ватандўстӣ, худшиносиву ифтихори миллии ҳайати шахсӣ  нақшаи ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Рўзномаву маҷалла ва барномаи телевизионии “Родмардон” фаъолияти афсарону аскаронро  инъикос карда, робитаи гвардияро бо ҷомеа таъмин ва ифтихор аз хизмати ҳарбиро тарғиб менамояд.

Фаъолияти Гвардияи миллӣ  зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ҷиҳати беҳтар кардани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ  пайваста кўмаку дастгирӣ  меёбад. То имрўз зиёда аз 475 нафар хизматчиёни ҳарбӣ  бо манзили хизматӣ  ва 65 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳалигӣ  барои сохтмони манзили истиқоматӣ  таъмин карда шуданд. Дар доираи омодагӣ  ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25- солагии Гвардияи миллӣ  ба истифода додани бинои истиқоматӣ  дар ҳудуди Шифохонаи ҳарбӣ, дорои 24 ҳуҷра ва 10 хона (коттеҷ)- ҳои сеҳуҷрагӣ  дар назди қисми ҳарбии 051056 ба нақша гирифта шуда, аз он 6 хонаи сеҳуҷрагӣ  ба истифода дода шуд.

Хизматчиёни ҳарбӣ — занон дар Гвардияи миллӣ  саҳми арзанда доранд. Фаъолияти онҳо дар самти корҳои тарбиявӣ, коргузорӣ, кор бо кадрҳо, хизматрасонии тиббӣ, алоқа, хадамоти ақибгоҳ хеле назаррас мебошад. Қисме аз онҳо хизматро дар вазифаҳои роҳбарикунанда пеш мебаранд. Қобили зикр аст, ки соли 2010 бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бонувон- хизматиёни ҳарбии гвардия дар ҳайати 53 нафар (як қуттӣ ) дар паради ҳарбӣ  ба муносибати 15 — солагии Гвардияи миллӣ  иштирок карданд. Ҳузури бонувон дар ин гузашти низомӣ  аз тарафи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нишони садоқату самимият ба Ватан зикр гардид.

Ҳар як ташрифи Пешвои миллат ба қисмҳои ҳарбии гвардия ҳайати шахсиро рўҳбаланд намуда, боиси боз ҳам боиси омодабошии баланд ва иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ  мегардад.

Яке аз муҳимтарин ҷузъи ҷудонашавандаи Гвардияи миллӣ  Оркестри ҳарбии созҳои нафасӣ  мебошад, ки он на танҳо дар ҷашну маросимҳои Гвардияи миллӣ, балки дар баргузории маросими расмии давлатӣ, қабули меҳмонони фахрӣ  ва дигар чорабиниҳои муҳими сиёсиву миллӣ  иштирок карда, вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро менамояд.

Бо мақсади таъминоти озуқаворӣ, яъне бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ  таъмин кардани сарбозон дар Гвардияи миллӣ  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасон» фаъолият мекунад. Ҳар сол хоҷагидорон дар масоҳати 212 гектар сабзавоту полезӣ, ғалладона, навъҳои хўроки чорво кишт карда, ҳамчунин аз ҳисоби ҳосили фаровони боғи себ, токзор ва дигар меваҷот барои мавсими зимистонгузаронии ҳайати шахсӣ  захира мекунанд.

25 соли фаъолият дар назди таърих бисёр хурду кўтоҳ аст. Вале барои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаёту фаъолияти ҳайати шахсии як сохтори низомӣ, барои саҳмгузорӣ  дар ҳифзу мудофиаи мамлакат, таъмини амнияту ҳаёти осоиштаи мардум, дифои дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ  ва ободиву оромии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ, дунявӣ  ва ягона, таърихи пурсамару боарзиш мебошад.

Айни ҳол аз сарбози қаторӣ то афсари олирутбаи Гвардияи миллӣ  тамому саъю кўшиш ба он равона намудаанд, ки амру супоришҳо ва иқдому ташаббусҳое, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди онҳо гузошта мешаванд, сари вақт ва бо сарбаландӣ  иҷро намоянд. Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 25- солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо интизом ва омодагии баланди ҳарбӣ  таҷлил намоянд.

Сарчашмаи дастовардҳои Гвардияи миллӣ  ва муваффақиятҳои ояндаи он натиҷаи хизмати шоистаи ҳайати шахсӣ  ва аз ҳама муҳим садоқат ба Президент, ба Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Сентябрь 3, 2020 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ