Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои мақомот аз 3-ошёна иборат буда, баландии ошёнаҳо 3,3 метрро ташкил медиҳанд. Масоҳати умумии бино 1734 метри мураббаъ мебошад.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “САНИИОСП”-и шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ширкати сохтмонии “Консол”-и шаҳри Душанбе мебошанд.
Дар ошёнаи якум толори маҷлис барои 240 ҷойи нишаст, миёнсарой, бахши занон ва оила, шуъбаи хизматрасонӣ, шуъбаи хизматрасонӣ дар хона, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, китобхона, шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, ҳуҷраи техникӣ ва бойгонӣ ҷойгир мебошад.
Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юм утоқи кории раиси ноҳия, бахши сармоягузорӣ, қабулгоҳ, муҳосибот, хазинадор, толори маҷлис барои 48 ҷойи нишаст, утоқи кории муовинони раиси ноҳия ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгир карда шудаанд.
Бинои мазкур вобаста ба сардии иқлими ноҳия бо шабакаи мустақими гармидиҳӣ таъмин буда, ҳамаи утоқҳои корӣ бо таҷҳизоту лавозимоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хизматчиёни давлатиро ба меҳнати софдилона ва хизмат ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.









«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






