Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Сентябрь 14, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 875 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 12 утоқи корӣ, толори ақди никоҳ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аст.

Утоқҳои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидашуда дар ошёнаи якуми бино барои кормандони Идораи нотариалии давлатӣ пешбинӣ гардидаанд.

Толори бошукӯҳ ва замонавии ақди никоҳ, инчунин толори машварати ҳуқуқӣ низ дар ошёнаи якум ҷой дода шуда, бо ҳама гуна шароит таъмин мебошад. Дар толори машваратии ҳуқуқӣ сокинони ноҳия имкон доранд аз ёрии ройгони ҳуқуқӣ баҳравар гарданд.

Барои кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ошёнаи дуюм шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ошёнаи дуюм ҳамчунин барои қабули дархосту муроҷиати шаҳрвандон равзанаи ягона таъсис дода шуда, дар он таҷҳизоти замонавӣ насб гардидааст. Китобхонаи Маркази адлия бо китобҳои бадеӣ ва соҳавии барои пешбурди кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариуси давлатӣ муҳим таъмин мебошад.

Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ гардидааст.

Дар вақти сохтмон 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба зебоии маркази ноҳияи Мастчоҳ — шаҳраки Бӯстон ҳусни дигар зам менамояд.

Атрофи бино дар масоҳати беш аз 260 метри мураббаъ сафолакпӯш, 160 метри мураббаъ сабзазор ва зиёда аз 220 метри мураббаъ мумфарш карда шудааст.

Гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз ва дигар зебоиҳои атрофи иншоот дар таъмини фароғати сокинон, сайру гашт ва хотирмон баргузор намудани маросими оиладоршавии ҷавонон замина мегузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидани чунин бинои хуштарҳу замонавиро дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатӣ беҳтарин туҳфа ба кормандони соҳа ҳисобиданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки шароити фароҳамгардида дар иншооти мазкур аз кормандони соҳа дар самти ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон масъулияти баланди вазифавӣ талаб мекунад.

Ба истифода додани Маркази адлия дар ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020

Сентябрь 14, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд