Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатӣ барафрохтанд
ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатӣ барафрохтанд.
Парчами давлатӣ дар кӯчаи Саидшариф Шарифови шаҳраки Бӯстон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеи сокинон партавафшон карда шуд.
Майдони Парчами давлатӣ дар шафати бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст ва ба ҳусни ин мавзеъ зебоии боз ҳам бештар зам менамояд.
Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 ва паҳноии он 7 метрро ташкил медиҳад. Иншоот дар масоҳати 0,71 гектар бунёд гардида, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст.
Дар майдони Парчами давлатӣ беш аз 80 бех дарахти ороишии ҳамешасабз шинонидаанд ва дар маҷмӯъ шумораи дарахтони ин мавзеъ зиёда аз 100 бехро ташкил дода, масоҳати сабзазор ба 3100 метри мураббаъ баробар мебошад. Дар назди Парчами давлатӣ ду фаввора ва дар ду шафати он суҳбаткада бунёд гардида, ҳамчунин 10 адад нишасткурсӣ насб шудаанд.
Баробари барафрохтани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ барои сокинон боз як макони сайругашт ва истироҳату фароғат фароҳам омад.
Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳия барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ — оммавӣ низ мусоид мебошад.
Атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазору 400 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Дар ин мавзеъ дар сутунпояҳои зебои гуногунҳаҷм 17 адад чароғаки ҳархела насб намудаанд, ки баробари равшаннамоӣ ҳамчунин зебоии майдонро таъмин менамоянд.
Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, партавафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд нишона аз арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ буда, ин омил сабаби баланд гардидани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию меҳанпарастии насли наврасу ҷавон мегардад.









«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






