Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии хусусии «Назокат»-ро дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Сентябрь 30, 2020 10:09

ДУШАНБЕ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав бинои Муассисаи томактабии хусусии “Назокат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави боғчаи кӯдакона 2-ошёна буда, ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватандӯст Ҷамолиддин Аҳмадзода сохта шудааст.

Кӯдакистон метавонад 100 нафар фарзандони сокинони ноҳияи Шаҳринавро дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбияи дурусти томактабӣ фаро гирад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда барои сокинони ноҳияи Шаҳринав, аз ҷумла деҳоти Ҳаёти Нав маънидод карданд.

Корҳои бунёдӣ дар иншооти соҳаи маориф аз ҷониби мутахассисону сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳаммадҷон” иҷро гардида, имрӯз он бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Мувофиқи лоиҳа, муассисаи томактабӣ аз 8 утоқ барои гузаронидани дарс ва машғулият, 6 утоқи фароғатӣ, ҳуҷраҳои шустушӯйӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Синфхонаҳои дарсӣ пурра бо мизу курсӣ, аёнияти дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Ҳуҷраҳои фароғатӣ ва хоби кӯдакон бо рахти хоб ва дигар роҳаткурсиҳои замонавӣ таъмин карда шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону дигар кормандони кӯдакистони мазкур таваҷҷуҳи онҳоро ба масъалаи дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасози давлат ҷалб карданд.

Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон барои бозии кӯдакон шароити хуб фароҳам гардида, ҳамзамон 4 айвонча сохта шудааст, ки барои гузаронидани машғулияти фароғатӣ бисёр мувофиқ аст.

Шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони сояафкан ва сарсабзу хуррам гардонидани атрофи бинои Муассисаи томактабии хусусии “Назокат” аз корҳои ободонӣ ба шумор мераванд.

Соҳибкорони бо нангу номуси ноҳияи Шаҳринав сиёсати созанда ва дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ, махсусан бунёди иншооти соҳаи маориф саҳми арзанда мегузоранд.

Ин раванд дар амалӣ намудани ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамояд.

Дар деҳоти Ҳаёти нав 35 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Бо шарофати Истиқлол ва сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат сокинонаш соҳиби боғчаи кӯдакон ва марказӣ тиббӣ гардиданд. Бунёди иншооти таъйиноти гуногун дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Қобили тазаккур аст, ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ ба масофаи 250 метр роҳи ҳудуди деҳот асфалтпӯш шудааст.

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Назокат” дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав 30.09.2020

Сентябрь 30, 2020 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт 9 бинои нави таълимӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ ва 2 китобхона ба истифода дода шуд
Соли 2025 соҳибкорони вилояти Хатлон беш аз 500 километр роҳро мумфарш намуданд
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ 42 километр роҳ таъмири ҷорӣ карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 43 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд