Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид

Сентябрь 30, 2020 17:18

ДУШАНБЕ, 30.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати  муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ  Давлаталӣ  Саид  ҷаласаи дувоздаҳуми  Шӯро оид ба шарикии давлат  ва бахши хусусӣ доир гардид.

Хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи Шӯро роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат-адлия, молия,  рушди иқтисод ва савдо,  энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии идораи  замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, хадамотҳои гумрук, алоқа ва зиддиинҳисорӣ ва директори Муассисаи  давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои  шарикии давлат ва бахши хусусӣ», инчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Спитамен иштирок намуданд.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат  — Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ  Давлаталӣ  Саид  дар оғози ҷаласа зикр кард, ки   дар солҳои соҳибистиқлолӣ  таҳти сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  муносибатҳои  муосири  шарикӣ бо бахши  хусусӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардида, дар ин раванд  қонунгузории  шарикии  давлат ва бахши хусусӣ пурра ба талаботи  байналмилалӣ  мутобиқ гардонида шуд.

-Дар ин замина дар  ҷумҳурӣ  Шӯро оид ба шарикии  давлат бо бахши  хусусӣ таъсис дода шуд, ки лоиҳаҳои  ҳамкорӣ  бо бахши хусусиро  дар самти рушди инфрасохтор  ва хизматрасонии иҷтимоӣ  баррасӣ менамояд. Дар натиҷа давлат имрӯз метавонад  боэътимод  ба бахши хусусӣ уҳдадориҳои иҷтимоии худро вогузор созад,- афзуд муовини аввали Сарвазири мамлакат –Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат  ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид.

Ҳамзамон дар ҷаласа директори Муассисаи  давлатии «Маркази  татбиқи  лоиҳаҳои  шарикии   давлат ва бахши хусусӣ», Котиби Шӯро оид ба  шарикии давлат ва бахши хусусӣ Абдухолиқ  Холиқзода доир ба иҷрои протоколи ҷаласаи  ёздаҳуми  Шӯро гузориш дод.

Мавсуф афзуд, ки  дар зарфи ҳафт соли охир дар ҷумҳурӣ заминаи мусоиди  меъёрии ҳуқуқӣ  дар самти  шарикии давлат ва бахши  хусусӣ  фароҳам оварда шуда, дар  ин муддат   11 ҷаласаи Шӯро  оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ  гузаронида шуд ва 5 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо ҷалби беш аз 280 миллион сомонӣ  сармояи бахши хусусӣ  ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ  татбиқ шуда истодааст. Таъкид шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти Шӯро  оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ  ва татбиқи лоиҳаҳои  шарикӣ уҳдадориҳои  иҷтимоии давлат  коҳиш дода шуда,  беш аз 270 ҷойи  кор  ва зиёда аз 8,8 миллион сомонӣ  ба буҷети давлат  андоз пардохт гардид.

Дар ҷаласа пешниҳоди пешакии  лоиҳаҳои   «Таъсиси маркази  таъмини асбоби тиббии бамаротиб  истифодашаванда  ва мониторинги сифати  безараргардонӣ» ва «Таъсиси Маркази скрингии аввалияи  бемории оташак» баррасӣ гардиданд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ,  Стратегияи   миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраҳои  то соли  2030, Стратегияи миллии  солимии  аҳолии Ҷумҳурии   Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» татбиқ карда мешаванд.

Дар ҷаласа  доир ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои  дахлдор қабул  гардида, ба вазорату идораҳои  марбута ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Сентябрь 30, 2020 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд