ШАРАФ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МУТТАКО ВА ПАРАСТОРИ ҶАВОНОНИ МАМЛАКАТ! Изҳороти ҷавонону варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Сентябрь 10, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мо, ҷавонону варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ изҳор медорем, ки номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. 

Чунин омадааст дар изҳороти ҷавонону варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар робита ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи ИКМТ, ИҶТ ва ҲХДТ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» ворид шуд.

Дар зер матни пурраи изҳорот пешниҳод мешавад.

«Мо, ҷавонони даврони истиқлол, идомабахшандаи насли бузургу озодандеш, бо эҳсоси ватандориву ватанпарварӣ, дар сарҷамъиву муттаҳидӣ бо як овоз иброз медорем, ки истиқлолият — падидаи барҷастаи таърихию фарҳангӣ, рамзи асолату ҳувият, бақои ҳастии миллат ва бахусус барои мо, ҷавонон шараф, номус, бузургдошти таъриху тамаддун, забону фарҳанг ва ҳастию тоҷи сари мост.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои сарсупурдаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи давлатдории миллӣ истиқлолият ба даст оварда, онро таҳким бахшид ва ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардида, имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Мо, ҷавонони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат хотираи неки миллатамонро гиромӣ медорем, арзишҳои ахлоқиву маънавии худро аз нав эҳё менамоем.

Мо, фарзандони бонанги ин миллати овозадор истиқлолиятро чун асоси хушбахтии хеш пеша намуда, шукри бепоён мекунем, ки тоҷик ҳастему Тоҷикистони соҳибистиқлол меҳани аҷдодии ҳар яки мост ва мо пайрави асили Пешвои миллатем.

Дар ҳошияи хизматҳои беназиру шоистаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи саодату таҳкими истиқлолияти давлатӣ, мо, ҷавонони созанда ҳар сангу хасу хори ин давлати биҳиштосоро ҳифз менамоем, чун пайвандгари наслҳо тамаддуни ҷаҳонсоз, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизро ҳамарзиш бо ҷисму ҷони хеш дониста, онро бо тамоми асолату покизагиаш барои наслҳои оянда нигоҳ медорем ва барои бо ҳарфҳои зарину дурахшон сабт гардидани роҳи бузургу пуршарафи Пешвои муаззами миллат ҷаҳду талош менамоем.

Мо, ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо  барои боз ҳам ободу зебо ва рушду пешрафт намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳтиромона аз номи тамоми ҷавонону варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи навбатии дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ менамоем.

Шараф ба Пешвои миллат –  муттако ва парастори ҷавонону варзишгарони  мамлакат!».

Сентябрь 10, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид