Суғд: кишоварзони вилоят имсол беш аз 16 ҳазор тонна мева содир намуданд

Сентябрь 27, 2020 10:55

ДУШАНБЕ, 27.09.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Кишоварзони вилояти Суғд давоми ҳашт моҳи имсол ба бозорҳои мамлакатҳои хориҷӣ ба маблағи 5807 доллар 16 315 тонна меваҷот (то 1 сентябри соли 2019 — 13 818 тонна), аз ҷумла, 4423 тонна меваи тар, 161 тонна ангур ва инчунин ба маблағи  5365 ҳазор доллар сабзавот дар ҳаҷми 69 167 тонна (то 1 сентябри соли 2019 – 52884 тонна), аз он 68845 тонна пиёз содирот намудаанд.        

Тавре аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, давоми ҳашт моҳи соли равон аз вилоят ба хориҷи мамлакат 402 тонна консерваҳо (нисбат ба ин давраи соли гузашта  261 тонна зиёд) ва ҳамзамон 16 903 тонна нахи пахта, 45 012 тонна чарми хом ва 7 тонна тамоку содирот гардидааст.

Зикр гардид, ки маблағи умумии маҳсулоти содиротӣ 34 ҳазору 418 доллари ИМА-ро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду ҳазор доллар зиёд мебошад.

Сентябрь 27, 2020 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад