СУРАТ-ДАЛЕЛ. Тоҷикистонро аз кайҳон нишон доданд, ки он ба нигини рӯи Замин монанд аст!

Сентябрь 3, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба моҳвораи  «Copernicus Sentinel-3» (оилаи моҳвораҳои фосилавии таҳқиқи Замини Агентии кайҳонии Аврупо) муяссар шуд, ки лаҳзаи нотакрореро ҳангоми  фазои беабри  Тоҷикистон  ба навор гирад. Тоҷикистони беабр аз кайҳон дар тасвири 3d ба ёқути сурх – санги қиматбаҳо монанд аст ва нигини рӯи Заминро мемонад. Ва ин хеле рамзист!

Аввалан, ёқут (лаъл ё ёқути сурх) санги дорои неруи ниҳоят  ҷаззобест, ки аз он чашм кандан ғайриимкон аст. Беҳуда нест, ки миллионҳо одамон ба «гули сурх»-и қаъри замин таваҷҷуҳ доштанду доранд. Маҳз аз ин рӯ, ёқутро «санги шоҳона» меноманд. Воқеан, тибқи ривоятҳо, шоҳ Сулаймон – дорандаи ганҷҳои бешуморе, ки дар асари Ҳенри Райдер «Найзаҳои шоҳ Сулаймон» («Копи царя Соломона») тасвир шудаанд,  соҳиби ангуштарин бо лаъли  бадахшонии дорои ҳусни нодир будааст.  Ба ҷуз ин, қисми зиёди сарвату ҷавоҳироти Чингизхонро низ лаълҳои Бадахшон, ки аз ғорҳои «Кӯҳи Лаъл» бо бел, метин ва искана ба таври дастӣ канда шуда, 8 метр баландӣ доштанд, ташкил медодаанд.

Сониян, маҳз Тоҷикистон дорои конҳои беназири сангҳои қиматбаҳоест, ки дар байни онҳо маъруфтарин ёқути сурх (лаъли Бадахшон) мебошад, ки тобиши қавӣ ва рангҳои сурх, гулобӣ ва бунафш дорад.

Сайёҳи италиявии асри XIII Марко Поло низ дар ёддоштҳои сафариаш дар бораи зебоии афсонавии ганҷҳои Тоҷикистон навиштааст: «Дар он минтақа сангҳои қиматбаҳо мавҷуданд ва онҳо дар оғуши харсангҳои кӯҳӣ тавлид мешаванд. Мардум дар кӯҳҳо ғорҳои калонро канда, аз он ҷо ёқут мегиранд… Аз тарси марг касе ҷуръат намекард, ки ба назди он кӯҳ рафта, барои худ санг биканад ва ҳар касе, ки аз қаламрави мамлакат санг барорад, ӯ барои ин бо баҳои сар ва бо молу мулкаш ҷавоб медиҳад», — навиштааст ӯ дар «Китоби мӯъҷизаҳои ҷаҳон».

ДАР АКС: ёқути сурх (лаъли Бадахшон). Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Эҳтимолан, Марко Поло кӯҳи дар дунё маъруфи Помир «Кӯҳи лаъл» (Кӯҳи ёқут)-ро дар назар дошт, ки аз қаъри он тӯли асрҳо лаъли машҳури Бадахшон истихроҷ мешуд.

Лаълҳои суфтаи Бадахшон тавассути корвонҳои тиҷоратӣ ба Аврупо, Осиё ва Амрико интиқол ёфта, тоҷҳои  салотин ва подшоҳони кишварҳои мухталифро зебу оро медоданд ва махзани ороишоти заргариро пур мекарданд, ки арзиши онҳо ба рақамҳои астрономӣ мерасид.

Панҷ сол қабл, соли 2015, зимни музояда дар Лондон ба санги қиматбаҳо аз Бадахшон 310 000 доллар нарх монданд. Рӯзномаҳо навиштанд, ки тоҷирони тоҷик барои харидан ва ба Тоҷикистон баргардонидани санги қиматбаҳо — ёқуте, ки 200 сол пеш, дар аввали асри ХIХ аз кони Кӯҳи Лаъл ба Аврупо бурда шудааст, имкон ба даст оварданд.

Маркази  музоядаи «Bonhams» дар Лондон қуфли гиребони тиллоиро (ҷавоҳироте, ки ба либос мечаспонанд) бо санги ҳашткунҷаи ёқут ё шпинели ашрофӣ («Spinel Hope») ба музояда гузошт. Созмондиҳандагони музояда нақша доштанд, ки барои ин дарёфти нодири асри XIX на кам аз 150000-200000 фунт стерлинг ё 230000-310000 доллари ИМА фоида ба даст оранд. Ин тақрибан 1500 маротиба аз нархе, ки соли 1917 дар музояда ба фурӯш гузошта шуда буд, гаронтар мебошад.

ДАР АКСҲО: Тоҷикистон аз кайҳон. Тасвирҳо аз ҷониби Агентии кайҳонии ИМА — NASA пешниҳод гардидаанд.

Сентябрь 3, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода