СУРУДИ МИЛЛӢ ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ АСТ! Имрӯз ба қабули Суруди миллии Тоҷикистон 26 сол пур шуд

Сентябрь 7, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 07.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябри соли 1994 матни Суруди миллии Тоҷикистон (шеъри Гулназар Келдӣ) пазируфта шуд, ки имрӯз ба қабули он 26 сол пур гардид.

Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатии мо мебошад, ки 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Бо дархости мардуми ҷумҳурӣ оҳанги пешина, ки ба бастакори машҳури Тоҷикистон Сулаймон Юдаков тааллуқ дошт, монда шуд ва матни он иваз гардид. Оҳангро ҳанӯз соли 1964 Сулаймон Юдаков бар матни шоири шаҳир устод Абулқосим Лоҳутӣ эҷод карда буд. Бо ҳамин оҳанг Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ матни мувофиқ офарид ва ҳайати доварон онро маъқул донистанд. Дар Суруди миллӣ орзуву умед ва дархостҳои халқ садо медиҳанд.

Дар робита ба гиромидошти Суруди миллӣ сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар ОРИФӢ чунин ибрози назар намуд:

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, дар мавридҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» иҷро карда мешавад.

Ҳангоми ба тариқи расмӣ садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин аз ҷой бармехезанд.

 Суруди миллӣ чун рамзи давлатӣ эҳтиром ва шинохти давлати мо аз ҷониби халқу миллатҳои дигар мебошад. Зеро рамзҳои давлатӣ ифодагари истиқлолияти мамлакат, иттиҳоди вайроннашавандаи мардуми мо, дӯстиву бародарии намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошанд. Истифодаи рамзҳои давлатӣ – барафрохтану гузоштани Парчаму Нишон, сурудани Суруди миллӣ қоидаҳои худро доранд, ки қонун онро муқаррар кардааст. Риоя накардани ин қоидаҳо беҳурматӣ ва таҳқири муқаддасоти миллии тоҷиконанд ва ба гунаҳкорон мувофиқи қонун ҷазо дода мешавад.

Рамзҳои давлатӣ аломатҳое мебошанд, ки як миллатро дар байни мардуми ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Рамзҳои давлатӣ таъриху тамаддун, гузашта, имрӯза ва ояндаи миллатро дар худ таҷассум мекунанд.

Омӯхтани рамзҳои давлатӣ ба ҷавонон ва насли навраси мамлакат зарур аст. Зеро худшиносии миллии мо аз донистану эҳтироми рамзҳои давлатӣ оғоз меёбад.

Дар моддаи сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд». Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд мазмуну моҳияти рамзҳои давлатии Тоҷикистонро донад.

Инак, 26 сол аст, ки Суруди миллӣ мутантан садо медиҳаду мардуми шарафманди тоҷик таҳти навои дилнишину марғуладори он саф ороста, шукронаи даврони соҳибистиқлолии Ватан, шукронаи неъматҳои гаронбаҳои истиқлолият ва сулҳу ваҳдати пойдор, шукронаи дӯстию бародарӣ ва якдилию якмаромӣ мекунанд.

26 соли пур аз фараҳу нишот, касби дастовардҳои азим, ободию шукуфоӣ, муаррифии давлати фарҳангпарвару мардуми фарҳангсолори тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, ки маҳз таҳти навои дилнавозу мутантани Суруди миллӣ падид омадаанд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо боло бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад ва ҳозирин ба Парчами давлатӣ рӯ меоранд. Бо дастгириву ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони саодатманду фарҳангдӯсти Ватан, варзишгарони ҳузарбу тануманд дар олимпиадаву мусобиқаҳои илмию варзишӣ ва фестивалу форумҳои байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби мақомҳои ифтихорӣ мегарданд, ки ба ин муносибат Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуда, Суруди миллии Тоҷикистон тантанавор садо медиҳад, ки ин, албатта, мояи ифтихору шоистаи таҳсини мардуми тоҷик мебошад.

Солгарди навбатии қабули Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми адабпарвари тоҷик муборакбод гуфта, муқаддасӣ ва пойдории онро таманно мекунам ва шеъри эҷодкардаи худро дар васфи Суруди миллӣ ҳамчун изҳори меҳру ихлоси самимӣ эҳдо месозам.

Суруди миллии тоҷик – саломи миллати тоҷик,
Ҷаҳони фазлу имону паёми миллати тоҷик!

Суруди миллии тоҷик – навиди миллати тоҷик,
Нишони тахту ҳам бахти сафеди миллати тоҷик!

Суруди миллии тоҷик, шаҳодатномаи халқ аст,
Суруди миллии тоҷик, саодатномаи халқ аст!

Суруди миллии тоҷик, шукӯҳи ориаҷдод аст,
Суруди миллии тоҷик, сипоси аҳли авлод аст!

Суруди миллии тоҷик – сафои давлати тоҷик,
Нишони ҳамдилӣ бо аҳли дунё, ваҳдати тоҷик!

Суруди миллии тоҷик, армони дилу ҷон аст,
Барои миллати тоҷик паймоне зи Раҳмон аст!

Суруди миллии тоҷик, сипаҳсолори майдон аст,
Суруди миллии тоҷик, миллатро нигаҳбон аст!

Сентябрь 7, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ