СУТ бозгардонидани тадбирҳои миқёсан густурдаи мубориза бо COVID-19-ро дар ҷаҳон истисно намекунад
ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) истисно намекунад, ки шояд дар ягон ҷои ҷаҳон бозгардонидани чораҳои миқёсан густурдаи мубориза бо COVID-19 зарур шавад ва ин ба раванди интиқоли вирус вобаста хоҳад буд, гуфт намояндаи СУТ дар Федератсияи Россия Мелита Вуйнович, — хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба РИА Новости.
«Истисно кардани он ки дар ягон ҷой чораҳои миқёсан бузургтар зарур мешаванд, мумкин нест, аммо ин ба раванди интиқоли вирус вобаста хоҳад буд», — гуфт вай дар мавҷи шабакаи телевизионии «Россия 24».
Ба гуфтаи вай, ҳама чиз ба таҳдиди хатари тавсеи коронавирус вобаста хоҳад буд ва тавсияҳо оид ба чораҳои вокуниш дар асоси таҳлили вазъияти эпидемиологӣ таҷдид мешаванд.
Вуйнович илова кард, ки тавсияҳои СУТ оид ба маҳдуд сохтани чораҳои миқёсан калони маҳдудкунанда эътибор хоҳанд дошт.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 март хуруҷи сирояти коронавируси нави COVID-19-ро пандемия эълон кард.
АКС: ЮФ








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






