Узви вобастаи АМИТ Мирзо Муллоаҳмад: «Рӯдакӣ нахустин ва бузургтарин шоирест, ки ашъори баланду пухта гуфта, шеъри форсиро ба камол расонидааст»

Сентябрь 22, 2020 11:28

ДУШАНБЕ, 22.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Аҳли илми тоҷик ин иқдомро барои боло бурдани ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно муҳиму зарурӣ медонанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо МУЛЛОАҲМАД дар бораи хусусиятҳои ашъори ин шоири тавоно, андешаҳои волои инсондӯстии ӯ ва хидмати устод Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ суҳбат намуд:

АМИТ «Ховар»: Оё қабл аз Рӯдакӣ шоирон ба забони форсии дарӣ шеър насурудаанд ё девони ашъор надоштаанд, ки он рубоиву қитъа, ғазалу қасида ва чанд маснавие, ки устод Рӯдакӣ сурудааст, сармашқи шоирони баъдина гаштаанд?

Мирзо Муллоаҳмад: Баъзе шоирон қабл аз Рӯдакӣ ҳам ба забони форсии дарӣ шеър сурудаанд, девони ашъор ҳам доштаанд, вале ӯ  нахустин ва бузургтарин шоирест, ки ашъори баланду пухта гуфта, шеъри форсиро ба камол расондааст. Ӯ дар тамоми навъҳои шеър, чун рубоиву қитъа, ғазалу қасида табъозмоӣ намуда, дар вазнҳои мухталиф чанд маснавӣ сурудааст, ки сармашқи шоирони баъдина гаштаанд.

Дар ашъори бозмондаи устод Рӯдакӣ ҳамаи мавзӯъҳои асосии адабиёти форсии тоҷикӣ матраҳ гардидаанд. Шоири бузург шеъри ғиноиро бунёд ниҳод, тағаззулҳои оғози қасоид ва порчаҳои парокандае аз ӯ бозмонда далел бар он аст, ки маҳз дар ҳамин давра ин анвои шеърӣ шакл гирифтааст. Рӯдакӣ аввалин шоирест, ки сурудани тағаззулоти ширину диловезро дар оғози қасида расм кард ва дар эҷоди иртиботи миёни тағаззулу мадҳ маҳорати бемисл нишон дод.

Дар ин тағаззулот шоир хушиҳои зиндагӣ, суруду мусиқӣ, тавсифи бодаву шароб, васфи маъшуқа, зебоиҳои табиат ва амсоли ин мавзӯъҳоро чунон ба тасвир оварда, равонии сухану содагии андеша ва фасоҳати каломи худро бо эҳсосоти нозуку нарм тавре омехтаву бо чунон малоҳат ибрози андеша намудааст, ки хонандаро новобаста ба давру замон, маҷзуби худ мекунад. Аз ашъори бозмондаи ӯ қитъаҳое дар даст дорем, ки саршор аз андешаҳои ҳикамӣ ва панду андарз аст. Достонсароию қиссапардозӣ ва овардани ҳикояту амсол маҳз дар ашъори Рӯдакӣ шакли муназзами худро ёфт.

АМИТ «Ховар»: Чаро устод Рӯдакиро бунёдгузори адабиёти классикии тоҷикӣ – форсӣ ва устоди мусаллами шеър ном мебаранд?

Мирзо Муллоаҳмад:  Зеро Рӯдакӣ дар замони худ ба ҳайси бузургтарин устоди шеър шинохта шуда, аксари шоирону донишмандон ба қудрати сухани ӯ иқрор кардаанд. Масалан, Кисоӣ вайро «устоди шоирони ҷаҳон» хондааст, Унсурӣ бо он ҳама қудрати шоирӣ худро дар ғазал камтар аз ӯ донистааст ва аксари шоирони баъдина шевоию расоии сухани ӯро эътироф намудаанд.

Рӯдакӣ дар фунуни сухан ва анвои қолабҳои шеър, монанди рубоиву қитъа, ғазалу қасида ва маснавӣ маҳорат дошта, дар ҳар тарзе ба хубӣ комёб гардида, пешрави дигарон будааст ва метавон гуфт, ки нахустин шоири форсигӯй аст, ки дар навъҳои гуногуни адабӣ шеъри олӣ суруда, онҳоро шаклу сохтори муайян бахшидааст.

Рӯдакӣ  дар ташаккулу такомули шеъри  форсӣ  ҳам аз    лиҳози   мавзӯъ ва мундариҷа ва ҳам аз ҷиҳати  сабки қолаб  ба  ҳадди  камол  расондааст.  Аз намунаҳои ками  ашъори  парокандаи шоир   муҳимтарин  мавзӯъҳои адабиётро  метавон  пайдо  кард. Беҳтарин  намунаҳои  ашъорро  дар  мавзӯъҳои  ишқ, мадҳ, тасвири  табиат, хамрия, ҳасби  ҳол,  шикояту  эътироз, марсия,  масоили  иҷтимоӣ,  ахлоқӣ, фалсафӣ,  башардӯстиву  ватанпарварӣ,  ки  дар  адабиёти  тоҷику  форс  ба  ҳукми  анъана  даромаданд, дар  осори  боқимондаи  Рӯдакӣ  ба  назар  мерасанд.

АМИТ «Ховар»: Муҳимтарин хусусияти ашъори Рӯдакӣ дар чӣ аст?

Мирзо Муллоаҳмад: Дар ашъори Рӯдакӣ тасвири бузургии  инсон мавқеи хос дорад. Шоир орзуву омол, эҳсосу андеша ва ангезишҳои олами ботинии мардуми одиву меҳнаткашро ба қалам додааст. Муҳимтарин хусусияти ашъори Рӯдакӣ дар содагию равонии сухан ва вуҷуди андеша дар он аст. Фикру андеша ва матлабу мақсад хеле табиӣ ва бидуни такаллуф баён шудааст, ки дар онҳо тасвиру ташбеҳоти дур аз зеҳн ба назар намерасад ва дар фаҳми зебоию фасоҳати муъҷизаосои шеъри шоир хонанда ниёз ба шарҳу тафсир надорад.

Хусусияти дигари шеъри Рӯдакӣ дар тозаву нав будани мазомин ва афкори шеърӣ аст, зеро шоир бо мавзӯъҳое сари кор дошт, ки пеш аз ӯ суруда нашуда буданд. Ин тозагии мавзӯъ ва мазомин боис шуд, ки шоири бузург таркиботи тозаву бадеъ, истиороти наву дилпазир, ташбеҳоти табиию воқеӣ офарад.

АМИТ «Ховар»: Сабки ашъори устодро «шеъри Рӯдакивор» низ ном мебаранд, ин чӣ гуна сабк аст?

Мирзо Муллоаҳмад: Ашъори Рӯдакӣ дар сабку услуби басо содаву равон офарида шуда, ки ба ҳар як хонанда фаҳмост ва он ҳарчанд дар назари аввал хеле сода менамояд, эҷоди чунин шеър кори хеле мушкил аст. Аз ин ҷост, ки сабки ашъори ӯро «саҳли мумтанеъ» меноманд ва ин гуна сабкро «шеъри Рӯдакивор» низ гуфтаанд.

Суннатҳои  устувори  адабие,  ки  Рӯдакӣ  ба  вуҷуд  овард,  раванди  умумии  адабиёти форсу  тоҷикро  муайян  намуда,  то  имрӯз  дар  адабиёти  мардумони  форсизабон  ва  кишварҳои  дигар  идома  доранд.

АМИТ «Ховар»: Дар Аврупо Россияву Амрико ва мамлакатҳои Шарқ кай ба омӯзиши илмии рӯзгору осори ин шоири бузург шурӯъ карданд?

Мирзо Муллоаҳмад: Омӯзиши илмии рӯзгору осори ин шоири бузург аз қарни XIX дар Аврупо шурӯъ шуда, дар Россияву Амрико ва мамлакатҳои Шарқ идома меёбад ва бузургтарин шарқшиносони ҷаҳон ба қудрати шоирии ӯ баҳои сазовор додаанд. Имрӯз рӯдакишиносӣ на танҳо дар Тоҷикистону Эрон, балки дар эроншиносии ҷаҳон нақши муҳим дорад.

Тоҷикистон имрӯз аз марказҳои асосии рӯдакишиносии олам ба шумор меравад. Дар таҳқиқи ҳаёту  осор ва андешаву маҳорати суханварии  Рӯдакӣ устод Айнӣ, А. Мирзоев, Х. Мирзозода, Р. Ҳодизода, А. Афсаҳзод, С. Имронов, С. Амирқулов, А. Сатторзода, Х. Шарифов, А. Сайфуллоев ва дигарон саҳми  назаррас гузоштаанд.

АМИТ «Ховар»: Хидмати устод Рӯдакӣ дар рушди забони тоҷикии форсӣ чӣ гуна аст?

Мирзо Муллоаҳмад: Хидмати Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ хеле бузург аст. Рӯдакӣ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде такомул доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, тӯли беш аз ҳазор сол хеле кам тағйир намуда, боиси мондагории он гардид. Ин забон дар тӯли қарнҳои зиёд на танҳо ба мардуми Тоҷикистону Эрон, Афғонистон ва дигар форсигӯён хидмат мекунад, балки чун забони байналмилалӣ дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказию Қафқоз, Осиёи Хурд ва Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири қобили таваҷҷуҳ гузоштааст.

АМИТ «Ховар»: Дар замони ҷаҳонишавӣ андешаҳои волои инсондӯстии Рӯдакӣ чӣ гуна мавқеъ доранд?

Мирзо Муллоаҳмад: Андешаҳои волои инсондӯстии Рӯдакӣ имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ барои таҳкими арзишҳои умумибашарӣ хеле муассир ва муҳиманд. Андешаҳои ӯ на танҳо имрӯз, инчунин фардо низ барои тарбияву ташаккули инсони комили сайёраи мо хидмати шоиста анҷом хоҳанд дод.

Сентябрь 22, 2020 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон ифтитоҳ мешаванд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ оғоз гардид
РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК. Бахшида ба ин рӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад
ҲАМ АДРАСУ ҲАМ ЧАКАН АЗ ОНИ МАНУ ТУСТ. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанг буда, ифодагари назокату малоҳат ва дунёи рангини бонувони тоҷик аст
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД. Ба ифтихори зодрӯзи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мегарданд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Дар Тоҷикистон консерти ботантанаи арбобони санъати Узбекистон баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Ҳисор даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ТАҚДИМИ «ШОҲНОМА» БА ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИКИСТОН. Ин пандномаи беназир аз ғояҳои ифтихори миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯстӣ саршор аст
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо намояндаи Донишкадаи миллии таҳқиқоти рушди алоқаи Русия мулоқот намуд
Дар Душанбе бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ гузаронида шуд