ЗИРАКИИ СИЁСӢ ЧИСТ? Чаро дар шароити кунунӣ моҳияти он беш аз пеш афзудааст? Мулоҳизаҳои Далер Мерганов оид ба интихобот

Сентябрь 30, 2020 08:34

ДУШАНБЕ, 30.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ қарор дорад. Маъракае, ки баргузории он ба сатҳу сифати зиракии сиёсии мо ва дарки вазъи ҷаҳони муосир аз ҷониби ҳар тоҷику тоҷикистонӣ вобаста аст. Интихоботи президентӣ, ки моҳиятан ифодаи иродаи мардум дар  робита ба интихоби сарвари хеш аст, ин навбат дар шароите баргузор мегардад, ки ҷаҳони муосир бо таҳавуллоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ буда, бархурди манфиатҳо беш аз пеш шиддат гирифтааст», — чунин нигоштааст муовини сардабири нашрияи «Садои мардум» Далер Мерганов дар остонаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябр доир мегардад.

Дар чунин ҳолат зиракии сиёсии аҳолӣ нақши ҳалкунанда дошта, мадди назар буданаш имкон фароҳам меорад, ки шаҳрвандон бозичаи дасти ашхос, гурӯҳ ва давлатҳои манфиатҷӯ нагарданд. Аз ҷониби дигар, иштироки фаъолона дар ин маъракаи сиёсӣ ва дақиқкору ҳақшинос будан зимни интихоби номзади арзанда  аз ҳама лиҳоз муҳим буда, ҳамзамон таҳрикбахши рушди муттасили мамлакат маҳсуб мешавад.

Банда оид ба аҳамияти ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ зиёд гуфтааму навиштаам. Дар ин росто, шумораи зиёди мақолаву мусоҳибаҳои банда вобаста ба масъалаи фавқуззикр  дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расидаанд.  Тасмими навиштани мавод аз ҷониби банда дар арафаи интихоботи президентӣ ба воқеоти охири ҷаҳони муосир, ки шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо, дар шакли нав зуҳур намудани гурӯҳҳои ифротгаро ва зуҳуроти дигари номатлуб аз ҷузъҳои он мебошанд, рабт дорад.   Вазифа ва қарзи инсонии хеш медонам, ки бори дигар ба аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон бозгӯйӣ намоям, ки хомӯш намудани оташи ҷанги бародаркуш, ки ба он кишвар ва гурӯҳҳои алоҳида «равған мерехтанд», аз вартаи нобудӣ  раҳо бахшидани мамлакат, дар як муддати кӯтоҳ эҳё намудани сохторҳои фалаҷгаштаи Ҳукумат, таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, ҷалби сармояи зиёди хориҷӣ, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ,  аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани ҷумҳурӣ  ва ғайраҳо  на ба ҳар шахсият муяссар мегардад.-менигорад Далер Мерганов.

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе ҳамсоякишварҳо солиёни зиёд ҷанг идома дошта, қисмате аз мамлакатҳои ҳамҷавор, бинобар надоштани шахсияте, чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони рақобати абарқудратҳо табдил ёфтаанд.  Насли наврас бояд донад, ки ҳамагӣ чанд сол пештар мо бо чӣ мушкилот мувоҷеҳ ва кадом шахсият сабаб гардид, ки рӯзгори саодатманди имрӯзаи онҳо таъмин гардад. Онҳо бояд огоҳ бошанд, ки солҳои навадуми асри гузашта  ба «шарофат»-и  фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат рӯз ба рӯз  муташанниҷ гардид, аксаран ба қавли Президенти мамлакат, “тақдири Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал карда буданд”.

Дар муддати начандон тӯлонӣ, ки бенизомӣ, бесарусомонӣ, беқонунию беҳокимиятӣ ҳукмрон шуд, ҳазорҳо хонаҳои истиқоматӣ, иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ, муассисаю корхонаҳо хароб, валангор, ба хок яксон ва талаю тороҷ шуданд. Теъдоди онҳое, ки барои наҷот додани ҷони хеш аз Ватан фирорӣ гаштанд, ба садҳо ҳазор нафар расид.

Ҳодисаҳое, ки ба амал меомаданд, барои воситаҳои ахбори оммаи бархе аз кишварҳои хориҷӣ барои паҳн намудани ҳама гуна дурӯғ, буҳтон, овозаҳои беасос ҷиҳати бадном ва ҳамчун як қавми маҳалгарою миллаткуш «машҳур» намудани тоҷикон «ғизо» медоданд.

Далелҳои овардашуда ба он хотиранд, ки дар шароити кунунӣ ҳифзи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, соҳибистиқлолӣ қарзи инсонӣ ва рисолати виҷдонии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад.

Пешвои муаззами миллат барҳақ фармудаанд, ки “истиқлолияти мо дар сурате ҳифз мешаваду таҳким меёбад, ки ҳар шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад”.

Дар робита ба чорабинии сиёсии мавриди назар тамоми қишрҳои ҷомеа, хосса  аҳли зиё бояд беш аз пеш фаъол ва ҷасур бошанд. Бо нашру пахши матолибу гузоришҳое, ки иншо ва омодасозиашон мақоли “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам”-ро ба ёд меорад, рисолати хешро анҷомёфта напиндоранд. Аз шиорпароканӣ, ки хоси аксар матолиби дар ин мавзӯъ иншошуда гардидааст, худдорӣ карда, бештар ба далелу рақамҳои асоснок таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Дар робита ба ин, зимни ироаи Паёми худ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки “сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд”.

Мутаассифона, баъзе “масъулин”-и воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон   ба ин масъала бетафовутӣ зоҳир намуда, муносибаташон ба чунин матолиб дуюмдараҷа аст.

Ҳол он ки давоми 29 соли соли соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои мо хеле зиёд ва арзанда буда, журналистон ва умуман аҳли зиё метавонанд онҳоро барои тақвияти андеша истифода намоянд. Барои мисол, дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфта, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид. Фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст рафт.

Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии мамлакат 1520 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ба истифода дода шуданд. Бори аввал дар 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат се соли охир мардуми мамлакат пурра бо барқ таъмин гардида, 3 миллиард киловатт -соат неруи барқ ба хориҷа содирот шуд.   Дар давраи мавриди назар зиёда 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид  шуд.

Қисми даромади Буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расид ва афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил дод. Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф — 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона шуда истодааст. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат тайи се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт.

Соли гузашта  аз 20 номгӯй молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда афзоиши истеҳсоли 15 номгӯйи он таъмин гардид. Ҳадафи чоруми стратегӣ идомаи мантиқии ибтикороти қаблӣ маҳсуб меёбад, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ эълон шуд. Ба шарофати ин иқдом дар назар аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

Ҳоло татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 30 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.

Махсус бояд таъкид намоем, ки дар айёми ҳассосу сарнавиштсоз масъалаи наҷоти миллати тоҷик   Пешвои миллатро водор кард, ки аз байни оташи ҷанги шаҳрвандӣ, фоҷиаву харобиҳои гӯшношуниди он гузашта, истиқлолияти давлатии моро ҳифз кунанд.

Бояд аз истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Чаро зиракии сиёсиро меҳвари матлаби мазкур интихоб кардам?

Ба касе пӯшида нест, ки дар шароити кунунӣ ин масъала моҳияти рӯзафзун касб кардааст. Эътироф бояд кунем, ки аксарият, ҳатто онҳое, ки минҳайси коршинос шиорпароканӣ мекунанд, моҳияти онро дуруст дарк накардаанд. Зиракии сиёсӣ ин дарк ва ҳифзи манфиатҳои давлат мебошад. Биноан, Пешвои миллат мунтазам таъкид менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳед.

Мо дар замони пуртазод зиндагӣ мекунем ва мушоҳида мешавад, ки давлатҳои низоми сиёсиашон гуногун, ташкилоти байналхалқӣ баҳри амалӣ намудани “тарҳ”-ҳои худ беш аз пеш ҳавасманд ҳастанд, ки дар баъзе маврид бо манфиатҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон созгор нест.

Аз ҷониби дигар, ба касе пӯшида нест, ки гурўҳҳои динӣ-экстремистӣ ва террористии фаромиллӣ худ аз худ пайдо намешаванд ва барои рӯи кор омадани онҳо ҳатман давлат ё ташкилоте ҳавасманд аст. Бо дарназардошти ин, барои тақвияту тавсеаи зиракии сиёсӣ, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури миллӣ, худшиносии миллӣ ва ғояи миллӣ зарур аст.

Як назари иҷмолӣ кифоя аст, то муътақид гардем, ки аксар маврид абарқудратҳо гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои рӯ ба инкишоф «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо дар ҷодаи бунёди давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд. Чаро?

Чунки аз ҷиҳати сиёсӣ-иқтисодӣ ноустувор ва дастнигар боқӣ мондани давлатҳои мавриди назар барои онҳо беҳтар аст. Дар он сурат суиистифода намудани ин қабил кишварҳо саҳл мешавад. Ин «сиёсат» — ро абарқудратҳо зиёд истифода менамоянд. Илова бар ин, дар замони муосир абарқудратҳо аз сиёсати бетартибии идорашаванда (управлямый хаос) самаранок истифода менамоянд. Ҳаводиси Шарқи Наздик дурустии ин гуфтаро собит менамояд.

Мутаассифона, демократия барои якчанд кишварҳо ва ташкилоти байналмилалӣ ба василаи таъсиррасон ва абзор табдил ёфтааст. Садҳо мисол мавҷуданд, ки ин қабил кишварҳо демократияро барои табаддулот низ дигар истифода менамоянд. Масалан, давлатҳои манфиатдор бо баҳонаи паҳн кардани ғояҳои демократия кишварҳои зиёд, аз ҷумла, Украина, Гурҷистон, Қирғизистон, Ироқ, Либия ва ғайраро дар давраҳои гуногун ноамн карданд. Воқеаҳои Беларус намунаи ҷадид ва идомаи мантиқии ин раванд буда, барои аҳли фаҳму андеша моҳиятан ғизо аст.

Тоҷикони “аврупоишуда” ва онҳое, ки барои демократияи ин қитъа оби даҳонашон мешорад, бояд дарк кунанд, ки дар Аврупо тарзи маданияти сиёсие ташаккул ёфтааст, ки маншаъ аз Юнони бостонӣ гирифтааст. Садҳо далел мавҷуданд, ки онҳо барои тағйир додани ҷаҳонбинии худ дин, фарҳанг, маориф ва тарзи зиндагии худро дигар карда, ба сифати намунаи идеалӣ фарҳанги 2500-ҳазосолаи Юнонро интихоб кардаанд. Чунки дар ин тамаддун ақл дар саргаҳи тамоми муносибатҳо қарор дошт.

Бинобар ин дар шароити кунунӣ  зарур ва ногузир аст, ки  ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.

Ҳоло беш аз ҳар вақти дигар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа нақши аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.   Ҳаводиси Беларус собит намуданд, ки  аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат эмин буда наметавонад.

Ҳар фарди Тоҷикистон бояд бори дигар амиқан дарк намояд, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми мамлакат неъмати бебаҳо, раванди бебозгашт ва бениҳоят азизу муқаддас мебошад, зеро маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва ҷаҳду талошҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ  сулҳу оромӣ дар саросари ҷумҳурӣ таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам шуд.

Қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз қабили Парчам, Суруд ва Нишон, ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон ба мо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муяссар гардид.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва интихоби дурусти роҳи минбаъдаи пешрафт имконият муҳайё шуд, ки  давлати мо равобити худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд дода, дар байни давлатҳои мутамаддини олам мавқеи сазовор пайдо намояд. То имрӯз давлати мо бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.

Ҷалби ҳарчӣ бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарёфти роҳҳои муассири муқовимат ба хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ самти дигари талошҳои пайгиронаи сиёсатмадори муътабари сатҳи байналмилалӣ- Пешвои муаззамми миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки тамоми дастоварду пешравӣ самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва иродаи шикастнопазири мардуми шарифи мамлакат аст.

Ба бахти тоҷику тоҷикистониён муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо, аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд ва ба ин васила, ягонагӣ ва тамомияти давлату  миллатро ҳифз карданд. Маҳз дар ин марҳилаи тақдирсоз обрӯву эътибори мавсуф афзуд ва  дар ниҳоди сокинони мамлакат эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкамтар гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафтору ибтикори ҳамарӯзаи хеш, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавиаш ба шаҳрвандони давлат поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, посдории хотираи гузаштагон, меҳандӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, бо ин хислатҳои неки худ роҳи пешрафти мардумро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар сохтаанд.

Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд сохт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи муҳтарам Сарвари мамлакат сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри  бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуданд, ки сабаби падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.

Ҳамзамон таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад, бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муназзам рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони мамлакат бо роҳбарии Пешвои миллат бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав  баҳри пирӯзии истиқлоли давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар мамлакат  устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.

Дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодӣ, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо, дар асоси салоҳияти касбӣ баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқавории давлат, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръат ба раванди муттасил табдил ёфта, дар ин самт иқдомоти зиёде амалӣ шудаву шуда истодаанд.

Далелҳои овардашуда  “қатрае аз баҳр” мебошанд. Боварии комил дорам, ки ин навбат низ аҳолии мамлакат зиракии сиёсиро меҳвар қарор дода, зовияи ақлу хирад ва худогоҳиву меҳандӯстиро хулоса мекунанд.

Мутмаинам, ки дар интихоботи президентӣ зимни ба даст гирифтани варақаи овоздиҳӣ кулли интихобкунандагон  ба он назар, ки аз Роҳбари оқилу дурандеш ва бунёдкору созанда, сиёсатмадори дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда- Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон касе арзандатар нест, устувору пойбанд мемонанд.

Ин аст интихоби дуруст!!!

Сентябрь 30, 2020 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд