103 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор, №15 ба интихобот пурра тайёранд

Октябрь 9, 2020 10:04

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 103 участкаи интихоботӣ, ки ба ҳавзаи  интихоботии Ҳисор,№15 шомил мебошанд, пурра ба  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, тайёранд,- изҳор дошт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси ҳавзаи интихоботии Ҳисор, №15 Анвар Аъзамов.

Раиси ҳавзаи интихоботии  Ҳисор,№15 афзуд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар тамоми 103 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15, ки 1309 нафар аъзо  дорад, дар асоси қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба ташкил ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, шароити мусоиди овоздиҳӣ, аз ҷумла, дастурамалҳо, қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ, ҳуҷраҳои махсус барои модару кӯдак, ҳуҷра барои табибон ва барои нафароне, ки бемору барҷомонда буда,  имкони дар интихобот иштирок кардан надоранд, қуттиҳои сайёр фароҳам оварда шудаанд.

Анвар Аъзамов зикр кард, ки бо назардошти  риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию эпидемикӣ дар шароити пандемия тамоми  участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихоботии Ҳисор,№15 бо маводи антисептикӣ, ниқоб, либосҳои муҳофизатӣ, дастгоҳҳои тиббии ҳароратсанҷ- тепловизорҳо таъмин  гардидаанд.

Инчунин рӯзи интихобот ба тамоми участкаҳои интихоботии ҳавзаи  интихоботии Ҳисор,№15 340 нафар кормандони тиб ва 300 нафар волонтёрҳо аз ҳисоби ҷавонон  сафарбар мегарданд.

Октябрь 9, 2020 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон