Дар Душанбе автобуси дуқабата ба хизматрасонии мусофирон оғоз намуданд

Октябрь 7, 2020 11:44

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  шурӯъ аз 2 октябри соли равон дар хатсайри №8-и пойтахт, ки теъдоди мусофирон дар масири мазкур  бештар мебошанд, автобуси дуқабата ба фаъолият оғоз намуданд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобуси мазкур низ  тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст. Хатсайри мазкур аз Дарвозаи ғарбӣ оғоз гардида, тавассути кӯчаву хиёбонҳои Н.Махсум, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ, С.Айнӣ, А.Дониш, Мастонгулов  то Фурӯдгоҳи куҳна идома меёбад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт тадбирҳои зарурӣ меандешад.  Ба хизматрасонии  мусофирон  шурӯъ намудани  автобуси дуқабата ҳам, ки  дар Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «AKIA AVESTO» истеҳсол мешаванд, аз ҷумлаи ин тадбирҳост. Дар оянда дар дигар хатсайрҳои пойтахт ҳам ба фаъолият оғоз намудани автобусҳои дуқабата дар назар дошта шудааст»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки ду-се соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, онҳо ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.

Тавре мутахассисон иброз доштанд, автобусҳои «AKIA» дорои 26 ҷойи нишаст   буда,  таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз  дигар  автобусҳо бартарӣ доранд. Муҳаррики он истеҳсоли ширкати «Мерседес Бенс» мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад. Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.

Октябрь 7, 2020 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд