Ҳадаф аз ташкили МОИ «Кӯлоб» ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа мебошад

Октябрь 3, 2020 09:34

ДУШАНБЕ, 03.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум  нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро тасдиқ намуданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода изҳор доштанд, ки ҳадаф аз ташкили МОИ “Кӯлоб”- ин таъмин намудани аҳолии минтақа ва ҷумҳурӣ бо кор, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, беҳтарсозии қобилияти харидорӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа маҳсуб мешавад.

Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” навтаъсис буда, соли 2019 дар масоҳати 309 га таъсис дода шуда, барои татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат, бахусус саноатикунонии босуръати мамлакат нигаронида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  тақвияти фаъолияти МОИ “Кӯлоб” зимни суханронии худ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб (23.09.2020) ба масъулини соҳа ҷиҳати бунёд намудани корхонаҳои наву пуриқтидори саноатӣ ва зеристгоҳи барқии нав дар ҳудуди минтақаи  мазкур, беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Иброз гардид, ки МОИ “Кӯлоб” тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои самарабахш бояд солҳои наздик ба рушди шаҳри Кӯлоб ва минтақа такони ҷиддӣ бахшида, сабаби таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва баланд шудани некӯаҳволии сокинон гардад.

Ба иттилои роҳбари МОИ “Кӯлоб” Мустафо Абдуллозода, 4 сентябри соли равон дар минтақаи мазкур нахустин субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд. То имрӯз бо мақсади аз наздик шинос шудан бо имконоти сармоягузорӣ роҳбарони намояндагии Бонки Авруосиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди Авруосиёии стабилизатсионӣ ва рушд, сармоягузорони Британияи Кабир аз минтақаи мазкур боздид намуданд.

Инчунин дар ҳудуди минтақа зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ (нуқтаи пайвастшавии зеристгоҳ ба шабакаҳои амалкунандаи барқӣ) бунёд мешавад. Бо мақсади интихоби мавзеи мувофиқ барои бунёди зеристгоҳи барқӣ намояндагони ШСҲК «Барқи Тоҷик» ва шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб аз ҳудуди минтақа боздид намуданд. Онҳо имконоти барқтаъминкунии МОИ «Кӯлоб»-ро  мавриди омӯзиш қарор доданд.

Дар акс. Ташрифи сармоягузорони Британияи Кабир ба МОИ «Кӯлоб»

Октябрь 3, 2020 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд