БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН! Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҷарроҳии вобаста ба нуқси модарзодии сурхрӯдаи басташуда анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар таърихи тибби муосири тоҷик аз ҷониби ҷарроҳони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҷарроҳии вобаста ба нуқси модарзодии сурхрӯдаи басташуда анҷом дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қаблан кӯдакони бо чунин нуқси модарзодӣ таваллудшуда имкони ками зинда мондан доштанд, зеро анҷом додани чунин амалиёт бениҳоят нозуку мураккаб мебошад. Инак, аввалин маротиба ба ду кӯдак чунин амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд ва хушбахтона, онҳо зинда монданд.
Ин амалиёти бомуваффақиятро табибони тоҷик ҳамчун дастоварди назарраси соҳаи тандурустии мамлакат дар даврони Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати анҷом додани чунин ҷарроҳӣ табибони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия донишашонро бар пояи технологияи муосири тиббӣ такмил доданд.
Акнун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори давлатҳои рушдкардаи олам, ба монанди Россия, Чин, Германия ҷарроҳии сурхрӯдаи модарзодии кӯдакон гузаронида хоҳад шуд.








25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард






