Агентии обуҳавошиносӣ: Сармозании бармаҳали тирамоҳӣ пешгӯӣ мешавад, ҳосили расидаи кишоварзиро сари вақт ҷамъоварӣ бояд намуд

Октябрь 5, 2020 10:01

ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба иттилои  Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 7 октябри имсол шабона дар ноҳияҳои кӯҳии хоҷагии қишлоқ, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар  қабати хок сармозании бармаҳали тирамоҳӣ то 0-2 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати пасти ҳаво боиси зиён дидани сабзавоти ноғундошта гардида, нигоҳубин ва чаронидани чорворо мушкил мегардонад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз медорад, ки сардиҳои аввалин ба ҳосили саҳро таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ тавсия  дода мешавад, ки аҳолӣ сари вақт ҳосили расидаи кишоварзиро ҷамъоварӣ намуда,  зироати норасидаро тибқи қоидаҳои агротехникӣ бо пардаи плимерӣ, пахол ва ё маводи бетору пуд бипӯшонанд.

«Ҳамзамон ба бахши чорвопарварӣ бештар бояд диққат дод. Ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳ бояд хеле эҳтиёткору ҳушёр буд»,- иброз медорад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ  доир ба хатари роҳҳо ёдовар шуда, иброз медорад, ки бориш, яхбандӣ ва сармо метавонанд ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кӯҳӣ халал расонанд. Аз ин рӯ аз ронандагон  хоҳиш карда мешавад, ки зимни ҳаракати мошинҳо дар роҳ хеле эҳтиёткор бошанд.

Акс аз манбаъҳои боз

Октябрь 5, 2020 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд