«Амонатбонк» ва Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 01.10.20 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шартнома оид ба шартҳои умумии гузаронидани амалиёти банкнотӣ ба имзо расонида шуд, ки ҳадафаш ба роҳ мондани амалиёти банкнотӣ миёни бонкҳо мебошад.
Санади мазкурро Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Мирсоатов имзо карданд. Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ Сироҷиддин Икромӣ ва Алишер Мирсоатов масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории байнибонкии ду давлати дӯст, аз ҷумла, афзоиш додани гардиши савдои байни ду давлат тавассути зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкороне, ки ки ба воридоти молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум машғуланд ва масъалаҳои марбут ба коҳиши эҳтимолии фоизи қарзҳои байнибонкиро матраҳ намуданд.
Ҳамзамон Раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Мирсоатов бо фаъолияти дафтари марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» шинос гардид.
Сафари Алишер Мирсоатов ба Душанбе дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, сармоягузорӣ, энергетика, гумрук, содирот ва фарҳанг баррасӣ гардиданд.










Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






