Арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути суруд бо забонҳои тоҷикӣ ва ҳиндӣ
ДУШАНБЕ, 31.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази фарҳангии Ҳиндустон ба номи Свами Вивеканандаи назди Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурудеро ба муносибати аз нав ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода намудааст, ки бо ду забон — тоҷикӣ ва ҳиндӣ суруда шудааст.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, суруди мазкурро шогирдони тоҷик, афғон ва ҳинду, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунанд ва дар синфҳои овозхонию мусиқии Маркази фарҳангии Ҳиндустон ба номи Свами Вивеканандаи назди сафорат таҳсил доранд, иҷро намудаанд.
Бо ду забон эҷод шудани суруд муштаракоти ду миллатро нишон медиҳад. Ҳамчунин он ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти тамоми соҳаҳои Тоҷикистон ва муҳаббати бепоён ба Тоҷикистон ва мардуми он эҷод шудааст.
Суруди мазкурро метавонед имрӯз соатҳои 11:05, 15:05 ва 18:05 аз Радиои «Ховар» бишнавед.








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






