Ба бузургдошти Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи кор бо занон ва оила конференсияи назариявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омӯзонидани забон шурӯъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ӯ хислатҳои наҷиби инсонӣ ҷой медиҳад. Воқеан, фарзанд сухани аввалинро низ аз забони модар, ки гаҳворабони забони адабист, ёд мегирад. Аз ин рӯ, ҳар зану духтари тоҷик дар баробари хуб донистани забони давлатӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги миллӣ, инчунин ба поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ҳифзи арзишҳои волои фарҳанг ва тамаддуни миллӣ аҳамияти хосса дода, бояд дар тарбияи фарзанди солиму солеҳа нақши муассир гузошта тавонад.
Ин матлаб дар конференсияи назариявӣ, ки ба бузургдошти Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, омӯзгорону донишҷӯдухтарони донишгоҳу донишкадаҳо, Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» доир шуд, баён гардид.
Иштирокдорони ҳамоиш нуқтаи назари худро доир ба фазилату мероси пурғановати таъриху фарҳанги миллати тоҷик будани забони модарӣ, ки мақоми давлатӣ касб намудааст, иброз намуданд.
Зикр гардид, ки бузургдошти забони давлатӣ арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Забон хишти аввали кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Аз ин рӯ, ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба арзишҳои бузурги миллӣ, аз қабили Ватан, модар, истиқлоли давлатӣ, забон ва таъриху фарҳанги ғановатманди худ арҷгузорӣ намуда, забони модариро ба фарзандони худ омӯзонем, зеро забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






