Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат таҷлил мегардад, 26 октябр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти шиори «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд миёни сохторҳои донишгоҳ оғоз гардид. Ғолибони мусобиқа дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода зикр намуд, ки мусобиқаи футбол ба хотири равнақ бахшидани муттаҳидию дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ дар байни устодону кормандон, тарғибу ташвиқи рушди варзиш, хусусан футболи хурд, ҷалби кормандон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани беҳтарин даста дар байни ҳайати кормандони донишгоҳ мебошад.
Имрӯз футбол бесабаб «шоҳи варзиш» ва «бозии миллионҳо» ном бурда намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ футбол варзиши №1, дӯстдоштатарин бозии кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолон гаштааст.








Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд






