Барномаи «Ҷаҳони андеша»-и Радиои «Ховар» ба Рӯзи байналмилалии иттилоот барои рушд бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд тибқи қарори сессияи 27-уми Ассамблеяи Генералии СММ 47 сол қабл, яъне соли 1973 ҷашн гирифта шудааст. Ҳадаф аз таъсис додани ин сана ҷалб намудани таваҷҷуҳи афкори ҷомеа ба мушкилоти рушд маънидод шудааст.
«Паҳн намудани маълумот оид ба рушд омили ҷиддӣ барои дарки мушкилоти рушд дониста шуда, барои тақвияти кӯшишҳо дар соҳаи ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад. Технологияҳои иттилоотӣ-робитавӣ бартараф намудани мушкилоти рушдро дар шароити ҷаҳонишавӣ таъмин карда, ба тараққиёти иқтисодӣ суръат бахшида, ба рақобати солим, дастрасии пурра ба маълумоту донишҳо, аз байн бурдани қашшоқӣ ва расидан ба баробарии иҷтимоӣ мусоидат мекунанд», — омадааст дар Қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд, ки ҳар сол 24 октябр ҷашн гирифта мешавад.
Дар асри 21, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Воқеан ҳам ҷозиба ва сеҳри иттилоот он қадар бузург аст, ки метавонад ҳам созанда ва ҳам сӯзанда бошад. Аз ин лиҳоз мақомоти марбутаро зарур аст, ки афкори ҷомеаро аз ҳар гуна иттилои носолим эмин доранд ва аҳли ҷомеаро низ мебояд, ки аз равандҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир сабақ биомӯзад.
— Мо бояд, пеш аз ҳама, фарҳанги истифодаи дуруст аз иттилоъро барои мардум омӯзонем. Аз ин рӯ дар ин самт бояд курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил карда шаванд. Барои ташкил ва огоҳонидани ҷомеа вобаста ба фарҳанги истифодаи дуруст аз иттилоъ Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг нақши босазо доранд,- мегӯяд корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз РАВШАНАЛИЕВ.
Идомаи андешаҳои мавсуфро дар барномаи «Ҷаҳони андеша» 24 октябр, соатҳои 09:30, 14:30 ва 17:30 аз Радиои «Ховар» бишнавед. Барнома дар таҳияи муҳаррир Моҳинави НАВРӮЗ пешниҳоди шунавандагон мегардад.