Барномаи «Бозтоб»-и Радиои “Ховар” ба Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 74 сол муқаддам, аниқтараш 14 октябри соли 1946 дар Лондон конфронси ташкилоти миллӣ оид ба стандартонӣ баргузор гардид, ки дар кори он аз 25 кишвари ҷаҳон 65 нафар вакил, аз ҷумла аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат намуданд. Дар ҷараёни конфронс иштирокдорони он дар бораи таъсис додани Созмони байналмилалӣ оид ба стандартонӣ (International Organization for Standardization (ISO) қарори дахлдор қабул намуданд. Соли 1970 Президенти ISO Фарук Сунтер (Туркия) таклиф пешниҳод намуд, ки ҳар сол 14 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо (World Standards Day) таҷлил карда шавад, то муҳим будани стандартонӣ барои иқтисоди ҷаҳон баён гардад. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон 14 октябр Рӯзи стандартҳо таҷлил карда мешавад. Ин санаи байналмилалӣ одамонро барои ҷалби таваҷҷуҳ ба муҳимияти таҳияи стандартҳои ягона ва ба назар гирифтани саҳми даҳҳо ҳазор мутахассисон, ки ҳаёт ва таҷрибаи тахассусии худро ба ин кори басо муҳим ва масъул бахшидаанд, даъват мекунад.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мебошад, ки ба саломатии инсон хатарнок ба ҳисоб меравад. Дар ин самт Агентии “Тоҷикстандарт” дар 9 моҳи имсол чӣ корҳоро ба анҷом расонид? Соҳибкорони ватанӣ чӣ гуна маҳсулот ба бозор пешниҳод менамоянд? Таъмини амнияти озуқавории бехатар ва ба стандарт ҷавобгӯ аз ҷониби ниҳодҳои марбута то куҷо ба роҳ монда шудааст?
Посухи ин ҳама саволҳо ва дигар паҳлӯҳои мавзӯи мазкур дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» 14.10.2020, соати 09:30 (асл), 17:30 ва 21:30 (такроран) аз Радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави НАВРӮЗ мавриди баррасиву таҳлили ниҳодҳои дахлдор ва коршиносони соҳа қарор мегирад.
«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»