Бори нахуст дар Душанбе олимпиада аз фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор мешавад

Октябрь 19, 2020 13:36

ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 октябр то 27 ноябр бори нахуст дар Пажӯҳишгоҳҳои  илмӣ — тадқиқотии Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳо баргузор мешаванд, ки асоси онҳоро олимпиада бо ширкати хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт (мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо) барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад. Соли оянда дар асоси таҷрибаи андӯхта баргузории ин олимпиада дар миқёси ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ки директори Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Шокир ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, олимпиада дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» барои солҳои 2020-2040 ташкил шудааст.

Олимпиада дар ду марҳила баргузор мешавад. Марҳилаи аввали озмун дар муассисаҳои таълимии пойтахт дар байни хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал ба даври дуввуми ниҳоӣ, ки дар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ — тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд, беш аз 40 нафар ғолибон роҳ дода мешаванд.

«Аз соли 2014 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявиро барои Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни донишҷӯён баргузор менамояд ва он маъмулан ҳар сол моҳи март доир мешавад. Олимпиадаи ҳозира аз озмуни донишҷӯён аз бисёр ҷиҳатҳо фарқ мекунад, масалан, он дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯи фанҳои муайян: физика — 22-23 октябр, математика — 29-30 октябр, химия — 12-13 ноябр, биология ва зоология — 19-20 ноябр, ҷуғрофия ва геология — 26-27 ноябр гузаронида мешавад», — шарҳ дод роҳбари Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С.Умаров.

Тавре ки ташкилкунандагон ваъда медиҳанд, ҷадвали олимпиада васеъ хоҳад буд ва дар баробари иштирок дар  олимпиада, интизор меравад, ки мактаббачаҳо бо озмоишгоҳҳои пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шинос шуда, дар лексияҳои академикҳо, аъзо-корреспондентҳо ва директорони пажӯҳишгоҳҳои соҳавии АМИТ иштирок намоянд.

Ҳамин тариқ, озмун оид ба фанни якуми даври дуввум 22 октябр дар Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

«Ҳоло дар пажӯҳишгоҳи мо корҳои омодагӣ барои гузаронидани ин олимпиада идома доранд. Ҳадафи асосии гузаронидани озмунҳо байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ- ин ёфтан ва рушд додани қобилияти эҷодӣ, таваҷҷуҳ ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар байни хонандагон, инчунин паҳн ва оммавӣ гардонидани донишҳои илмӣ дар байни насли наврас мебошад», — хулоса кард Фарҳод Шокир.

Октябрь 19, 2020 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад