«Чилучорчашма» ва мадрасаи «Хоҷа Машҳад» таҷдид ва ба сатҳи байналмилалӣ бароварда мешаванд
ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик мадрасаи «Хоҷа Машҳад» ва мавзеи табиию таърихии «Чилучорчашма» дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт»-и Бонки ҷаҳонӣ пурра навсозӣ гардида, ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шаванд. Инчунин дар атрофи ин мавзеъҳо инфрасохтори хизматрасонӣ ва ҳомстейҳо ташкил мегарданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии маҳал саҳми арзанда мегузоранд.
Чунин зикр шуд дар конфронси миллии сайёҳии «Чилучорчашма»- шиносномаи сайёҳии водии Вахш», ки дар ноҳияи Қубодиён дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки конфронс бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо ва муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ, инчунин чун бренди сайёҳӣ нишон додани минтақаи Вахш ба ҷаҳониён гузаронида шуда, дар кори он роҳбарони Кумитаи сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, масъулони соҳаи сайёҳӣ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ ширкат доштанд.
Дар конфронс масъалаи беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо, муаррифии арзандаи иншооти табиию таърихии водии Вахш, таҳияи хатсайрҳои нав, таҳияи сабади маҳсулоти сайёҳӣ ва дар оянда ҳамчун бренди минтақавӣ истифода намудани зарфияти сайёҳӣ, аз қабили мавзеи табиию таърихии «Чилучорчашма», мадрасаи «Хоҷа Машҳад», мавзеи таърихии «Тахти сангин» ва дайри будоии «Аҷинатеппа» баррасӣ гардиданд.








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






