COVID-19. Новобаста аз вазъи мураккаби буҳрони ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,2 фоиз боло рафт

Октябрь 21, 2020 11:52

ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Давоми моҳҳои январ-сентябри имсол суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)  4,2 фоиз боло рафта, ҳаҷми номиналии он ба 55 миллиарду 646,6 млн. сомонӣ баробар гардид. Ин нишондиҳанда дар шашмоҳаи якуми соли 2020 ба 3,5 фоиз баробар буд.  Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, ки  нишондиҳандаи мазкур дар натиҷаи сари вақт амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси СOVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ имкон дод, ки вазъият дар баъзе соҳаҳои иқтисоди миллӣ беҳтар ва рушди иқтисоди мамлакат таъмин гардад. 

 

Тавре сардори Маркази таҳлилии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Саидмурод Зайниддинзода иттилоъ дод, давоми нуҳ моҳи соли 2020 дар соҳаи саноат ҷиҳати иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ як силсила тадбирҳои дахлдор амалӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 21,1 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 23,4 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд мебошад.

Ба андешаи иқтисодшиносон, тамоюли мусбати рушд асосан аз ҳисоби истифодаи омилҳои дохилӣ, бахусус аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 10,7 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ  8,1 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 8,3 фоиз, аз ҷумла содирот 1,5 маротиба таъмин гардидааст.

Новобаста ба вазъияти мураккаби ба миёномада, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус  вазъияти молиявии шарикони тиҷоратӣ ва воридоти молу маҳсулотро маҳдуд намудааст, гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2020 тамоюли афзояндаро нигоҳ доштааст.  Ҳато нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 гардиши садои хориҷӣ 8,3 % афзоиш ёфтааст, ки нишондиҳандаи хуб арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи сардори Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдулло Дагиев, моҳҳои январ-сентябри соли 2020 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиарду 420,3 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 фоиз ё 262,0 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми содироти молу маҳсулот 1 миллиарду 189,0 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба ё  420,7 млн. доллар зиёд шудааст.  Дар ҳамин давра воридоти молу маҳсулот ба 2 миллиарду 231,3 млн. доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 фоиз ё 158,7 млн. доллар кам гардидааст.

Ба таъкиди масъулин, вазни хоси содиротии мамлакат аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо, маъдану консентрантҳо, алюминийи аввалин ва маҳсулот аз он, нахи пахта ва ашёи хоми нимтайёр аз он, қувваи барқ, семент, либос ва маҳсулоти кишоварзӣ  ташаккул ёфтааст.

Ба гуфтаи Абдулло Дагиев, дар ин давра аз ҷумҳурӣ 114,2 ҳазор тонна бо арзиши 16,4 миллион доллар меваю сабзавот содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,5 ҳазор тонна ва арзиши содиротии он  5,3  миллион доллар афзоиш ёфтааст.  Дар сохтори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи асосиро аз рӯйи ҳаҷм пиёз, хушкмеваҳо, меваҳои тару тоза ва ангур ташкил медиҳанд.

Новобаста аз он ки гардиши савдои хориҷӣ тамоюли рушд касб намудаасту нисбат ба 9 моҳи соли 2019 бештар аз 8% рушд  дорад, вале пандемияи коранавирус  ба ин соҳа низ бетаъсир намонд. Аз ҷумла, содироти семент дар таносуб ба ҳамин давраи соли гузашта 212,8 ҳазор тонна ва ё арзиши содиротии он 8,8 млн. доллар кам гардидааст. Масъулини соҳа пешгӯӣ мекунанд, ки эҳтимол то охири сол таносуби содироти семент дубора афзоиш ёфта,  бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст гардад. Ҳаҷми фурӯши қувваи барқ ба андозаи 37,1 млн доллар кам гардидааст, ки мушкилии мазкур дар натиҷаи кам гардидани сатҳи обанбори НБО “Норак” ба миён омад.

Ба таъкиди коршиносон, паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии давлати мо ба бекор мондани як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари иқомат, қатъ шудани парвозҳо, коҳиши воридоти сармоя, интиқоли пулӣ, технология ва сайёҳони хориҷӣ оварда расонид. Инчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз 30 апрел то 15 июни соли 2020 фаъолияти як силсила  муассисаҳо ва корхонаҳои соҳаи савдою хизматрасонӣ ва бозорҳо маҳдуд карда шуд. Баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ низ дар ҷумҳурӣ бо сабаби таъмини чораҳои пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон бо реҷаи пурра фаъолият накарданд. Дар натиҷа ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,3 фоиз,  гардиши савдо 7,3 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 6,9 фоиз, мусофиркашонӣ 3,8 фоиз, боркашонӣ 0,6 фоиз ва воридоти молу маҳсулот  6,6 фоиз паст шудааст.

Сардори Маркази таҳлилии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Саидмурод Зайниддинзода дар ҳамин маврид мегӯяд, ки бо назардошти аз 15 июни соли 2020 ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои соҳаи савдою хизматрасонӣ ва бозорҳо тамоюли зиёдшавии ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба назар мерасад. Агар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ моҳи августи соли 2020  7,4 млрд. сомониро ташкил дода бошад, пас моҳи сентябр ин нишондиҳанда ба 8,9 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба моҳи август 1,5 млрд. сомонӣ ё 20,3 фоиз зиёд аст. Ҳамзамон аз таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 бармеояд, ки вазъият дар баъзе соҳаҳо низ нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2020 беҳтар гардида истодааст. Аз ҷумла, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-сентябр нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2020 1,1 банди фоизӣ, кишоварзӣ 1,4 банди фоизӣ, мусофиркашонӣ 2,7 банди фоизӣ, ҳаҷми умумии хизматрасониҳои пулакӣ 1,7 банди фоизӣ ва содирот 5,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, моҳҳои январ-сентябри соли 2020 сатҳи таваррум 5,1 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 6,3 фоиз, молҳои ғайриозуқа 3,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 3,7 фоиз ташаккул ёфтааст.

 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2020 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Малайзия масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд