«Дафтари ишқ»-и Камоли Хуҷандӣ ба забони немисӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Дафтари ишқ»- чунин ном гирифтааст, китоби тозанашре, ки дар нашриёти «Ношир» ба тозагӣ рӯи чоп омад. Дар китоб бори аввал тарҷумаи 50 шеъри шоири классикии тоҷику форс Шайх Камоли Хуҷандӣ ба забони немисӣ манзури хонандагон гардонида шудааст, ки он идомаи мантиқии китоби «Ишқи минӯӣ» мебошад.
Мутарҷими нозуктабъ Александр Ҳайзер саъй намудааст, ки ашъори шоири ғазалсарои тоҷикро ба матни асл наздиктар тарҷума намуда, дар ғазалҳо қолаби бадеии авваларо ҳифз намояд. Азбаски баргардони низоми арӯзии ғазалиёти Камол ба забони немисӣ амалан имконпазир нест, ӯ кӯшиш намудааст, то маонии матлубро дар қолабҳо ва авзони дигари шеърӣ ҷой диҳад ва бад-ин васила хонандаи немисизабонро бо яке аз бузургтарин шоирони Шарқ – Шайх Камоли Хуҷандӣ шинос намояд.
Дар китоб ғазалҳо ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба хати форсӣ ҷой дода шудаанд. Китоби «Дафтари ишқ» бо ибтикори «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ба ифтихори 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ интишор гардидааст.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






