Дар Душанбе ҷаласаи васеъи кормандони соҳаи фарҳангу ҳунари Тоҷикистон бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода доир гардид

Октябрь 24, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 24.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи васеъи соҳаи фарҳангу ҳунар баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, роҳбарони муассисаҳои театрию консертӣ, раёсату бахшҳои фарҳанг дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, коршиносони соҳа, оҳангсозон ва коргардонҳо иштирок намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида,  иброз дошт, ки соли 2021 кишвари мо бузургтарин чорабинии муҳими милливу сиёсӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамояд. Ҳамчунин дар ин сол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай 20 сол пур мешавад ва боиси ифтихор аст, ки ҷаласаи ҷашнии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида карда, зикр намуд,    ки аҳли фарҳангу ҳунарро зарур аст, то барои ҷашнҳои мазкур барномаҳои ҷолибу баландмазмун омода намоянд. Суруду мусиқӣ ва рақсҳои нав бояд эҷод шаванд, ки ҳам ҷанбаи ватандӯстона дошта бошанд ва  ҳам санъати миллиро муаррифӣ созанд ва барои тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳм гузоранд.

Аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои дарёфти чеҳра ва истеъдодҳои нав озмунҳои гуногун байни оҳангсозон, сарояндагон, ҳунарпешаҳои рақс баргузор карда шавад.

Зимни ҷаласа инчунин масоили ташкилии чорабиниҳо, ҷалб ва ҳавасманд кардани ҳунармандон, ҳалли мушкилоти соҳа ва дигар  масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Октябрь 24, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест»