Дар Хатлон беш аз 10 адад муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд

Октябрь 27, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар  9 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон сохтмони беш аз 10 адад муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ (КАТС) ба маблағи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. 

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  айни замон дар вилояти Хатлон  сохтмони  дигар муассисаҳои тиббӣ идома дошта,  дар ин давра дар ноҳияи Темурмалик Маркази саломатии Танобчӣ аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 672 ҳазор сомонӣ навсозӣ карда шуд. Ҳоло сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Танобчии боло, Гузари тор ва Даҳани намак ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бунёд, навсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ ба ҳукми анъана даромада, ҷиҳати баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ҳамасола дар ҷумҳурӣ чандин муассисаҳои тиббии замонавӣ ба истифода дода мешаванд.

Октябрь 27, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд