Дар Хуҷанд бо сабаби идома ёфтани ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус қоидаҳои гузаронидани тӯйҳо шадидтар мешаванд

Октябрь 21, 2020 13:32

ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 45% одамоне, ки дар маросими тӯйӣ иштирок доштаанд, маҳз дар ҳамин маъракаҳо ба коронавирус гирифтор шудаанд. Дар ин бора дирӯз дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои 9 моҳи соли равон хабар дода шуд. Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода аз масъулин ва сохторҳои давлатӣ талаб кард, ки назорати риояи меъёрҳои  муҳофизатиро дар давраи пандемия пурзӯр кунанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд.

Муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода омори марбут ба тасеаи коронавирусро эълон кард. Вай иброз намуд, ки аз оғози пандемия дар маркази маъмурии вилояти Суғд 4650 ҳолати сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст.

«Айни замон 128 нафар бо илтиҳоби шадиди шуш бистарӣ шудаанд, 64 нафар бо ҳамин ташхис дар поликлиникаҳо табобат мегиранд ва 35 нафар мубталоёни COVID-19 ба таври амбулаторӣ табобат мешаванд. Барои пешгирӣ аз тавсеаи беморӣ тавассути одамони сироятёфта, аъзои оила ва дигарон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд», — гуфт Нуруллозода.

Мутобиқи омор, қариб 45% одамони гирифтори коронавирус маҳз дар тӯйҳо сироят ёфтаанд ва 28% — аз хешовандони худ.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз суръати тавсеаи коронавирус дар минтақа изҳори нигаронӣ ва амр намуд, ки дар бораи тамоми ҳолатҳои вобаста ба муносибати бемасъулиятонаи раисони маҳаллаҳо дар соҳаи тандурустӣ гузориш пешниҳод намоянд ва огоҳ кард, ки дар сурати вайрон намудани қоидаҳо фавран онҳо аз кор озод хоҳанд шуд.

Бо сабаби идома ёфтани ҳолатҳои сироятёбии одамон ба коронавируси нав дастур дода шуд, ки тамоми чорабиниҳои идона, хусусан тӯйҳо таҳти назорати хос гирифта шаванд, чунки маҳз дар онҷо аз ҳама бештар ҳолатҳои вайрон намудани қоидаҳо ба қайд гирифта мешаванд.

“Агар одамон қоидаҳоро риоя накунанд, мо маҷбур мешавем, ки тӯйҳоро манъ кунем. Ҳангоми додани иҷозат барои гузаронидани чорабинӣ бояд ҳатман аризаи ташкилкунандагони он дар бораи он ки онҳо уҳдадор мешаванд, ки меъёрҳои санитариро риоя намоянд, гирифта шавад», — иброз намуд раиси шаҳр.

Муҳаммадзода зикр  кард, ки мардум дигар аз ҷавобгарии маъмурӣ наметарсанд ва имрӯз бисёриҳо омодаанд, ки ба ивази иҷро намудани тамоми қоидаҳои санитарӣ маблағи ҷаримаро дар ҳаҷми 200-300 сомонӣ пардохт намоянд.

Раиси шаҳр таъкид кард, ки агар ин ҳолат идома ёбад — маблағи ҷарима зиёд хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол дастур дода шуд, ки аксбардорӣ ва сабти видеоӣ дар дохили anxiety-tab.com сабти аҳволи шаҳрвандӣ манъ карда шавад ва танҳо чор нафар — арӯсу домод ва шоҳидони онҳо ба толори ақди никоҳ роҳ дода шаванд.

Муҳаммадзода инчунин амр додааст, ки фаъолияти марказҳои фароғатӣ, бозорҳо ва марказҳои савдое, ки дар онҳо қоидаҳои гигиенӣ риоя намешаванд, боздошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки вазъи коронавирус дар тамоми ҷаҳон мураккаб аст. Дар бисёр кишварҳо, алахусус дар Аврупо маҳдудияти нав ҷорӣ карда мешаванд.

                                                                                     АКС: Reuters

 

Октябрь 21, 2020 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

МО ВА ТАЪРИХИ МО. Давлати Сомониён чун намунаи ниҳоят назарраси давлатдории тоҷикон дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
Тоҷикистон ҷонибдори ғояи таъсис додани Котиботи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ мебошад
Соли 2024 раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истифодаи васеи технологияҳои рақамиро ҷузъи таркибии рушди иқтисоди давлатҳои аъзои СПЕКА номиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар Душанбе Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад
Пешвои миллат: «Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид»
«БАРОИ ХИЗМАТ ДАР НАЗДИ ВАТАН». Ин мукофоти Сарвари давлат мояи ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Андешаҳо дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Федератсияи Русия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари расмиро ба Русия дар тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ қадами муҳим номиданд
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
Барандаи «Шоҳҷоиза»-и «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шукрона Тоҳирӣ: «Мехоҳам бо арзи сипосу миннатдорӣ дастоварди худро ба Президенти Тоҷикистон эҳдо намоям»