Дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 бунгоҳи тиббӣ бунёд мешаванд

Октябрь 28, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар  ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои беҳтар гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои Кумаки аввалини тиббию санитарӣ (КАТС) бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Барномаи  Рушди СММ сохтмони 7 адад бунгоҳи тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи нақша, сохтмони бунгоҳи тиббии Убари даргоҳ дар ноҳияи Ванҷ, Умарак дар ноҳияи Дарвоз, Миденвед дар ноҳияи Роштқалъа, Гармчашма дар ноҳияи Ишкошим, Чечекдеҳ дар ноҳияи Мурғоб,  бунгоҳи тиббии Чошкандез дар ноҳияи Шуғнон ва Маркази саломатии деҳоти Дерзуд дар ноҳияи Рӯшон дар назар дошта шудааст.

Дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдасти мамлакат ба хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ва таъсиси ҷойҳои хатнаи кӯдакон ҳамеша дар мадди назари роҳбарони давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Аз ин рӯ ба истифода додани  бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст барои сокинони ин деҳа ҳаётан муҳим мебошад.

Октябрь 28, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд