Дар Шаҳристон парвариши қутос ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Шаҳристон парвариши қутос ба роҳ монда шуд. Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ВМКБ ба ноҳияи Шаҳристон 10 сар қутос оварда шуд, ки дар мавзеи Кимқули ноҳия ба таври таҷрибавӣ парвариш карда мешаванд.
Минтақаи Кимқул аз минтақаҳои нисбатан сарди ноҳия маҳсуб ёфта, бино ба гуфти мутахассисон, барои парвариши қутос мусоид аст. Тавре маълум аст, қутос давоми ҳазорҳо сол тавассути интихоби табиӣ дар иқлими хунуки кӯҳистон ташаккул ёфта, дар минтақаҳои экологию ҷуғрофии мухталиф зиста наметавонад ва гармиро дар бадани худ зуд ҳис карда, дар ҷустуҷӯи ҷои хунук мешавад. Аз ин лиҳоз интихоби ин мавзеъ барои парвариши қутос ҳадафмандона буда, дар сурати зиёд шудани саршумор ин таҷриба дар дигар минтақаҳо низ истифода мегардад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҷангалбонон таъкид кард, ки қутоспарварӣ аз бахшҳои сердаромади чорводорист ва дар сурати мутобиқ шудан саршумори он дар ҷангалзори ноҳия афзоиш меёбад. Қутоспарварӣ дар вилоят таҷрибаи нав набуда, ин навъи ҳайвонот то имрӯз дар навоҳии Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ парвариш мегардад. Тибқи иттилои масъулин, саршумори қутос дар вилоят ба 2000 сар баробар гардидааст.
Сол то сол талаботи мардум ба маҳсулоти чорводорӣ, хусусан гӯшт рӯ ба афзоиш буда, қутоспарварӣ манбаи калони иловагии тавлиди гӯшт аст. Ба андешаи мутахассисон, қутоспарварӣ камхарҷтарин ва сердаромадтарин соҳаи чорводорӣ дар ҷумҳурӣ ҳисоб мешавад. Нигоҳубини як сар қутос нисбат ба нигоҳубини як сар гов 5-6 маротиба арзонтар мебошад.
Моҳи июни соли равон бо мақсади рушди хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон ба мавзеи Кимқули ноҳия 23 сар оҳуи навъи муфлони аврупоӣ оварда шуд. Масъулини хоҷагии ҷангал мегӯянд, ки аз ин оҳуҳо то ин замон се сар насл гирифта, шумораашон ба 26 сар баробар шудааст.








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






