Дар Суғд ғолибони озмуни вилоятии «Мошинаҳои ояндаи коинот» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба ифтихори Ҳафтаи байналхалқии кайҳон озмуни вилоятии «Мошинаҳои ояндаи коинот» баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, озмунро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳаводорони илми афлок ва иштирокчиёнро ба муносибати Ҳафтаи байналхалқии кайҳон табрик гуфт.
Иштирокчиёни озмун — ғолибони даври шаҳрию ноҳиявӣ пас аз ба намоиш гузоштани нигораҳо ва корҳои эҷодии худ дар ҳузури ҳайати ҳакамон маҳсули хешро ҳимоя намуданд.
Ҳамин тариқ, тибқи баҳогузориҳо дар бахши «Мошинаҳои ояндаи кайҳон» ҷои якум насиби Ануш Ҷалилов — хонандаи синфи 9 аз шаҳри Хуҷанд гардид.
Дар бахши «Мошинаҳои моҳгард» ғолибият насиби Ҳусейнбои Тоҳир — хонандаи синфи 9 аз шаҳри Панҷакент шуд.
Аз рӯи бахши сохтани аёниятҳои астрономӣ ҷои аввалро Марям Кенҷаева — хонандаи синфи 10 аз ноҳияи Ашт сазовор гашт.
Ғолибони ҳамаи бахшҳо ва инчунин иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо дипломҳои дараҷаи I, II, III ва фтихорномаҳои Раёсати маорифи вилоят ва Планетария қадршиносӣ шуданд.
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест»






